Асосӣ

ХУШ ОМАДЕД!

Хуш омадед

ба сомонаи маҷаллаи илмию техникии «ПАЁМИ ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ» !

Маҷаллаи мо соли 2016 таъсис ёфтааст. Рақами байналмилалии маҷалла ISSN 2519-4062 буда, маҷалла дар Индекси иқтибоси илмии Россия (РИНЦ) индексшаванда аст. Ҳамаи нашриёти чопшудаи мачалла дар китобхонаи илмии электронии русӣ eLibrary дастрасанд.

Маҷалла 4 маротиба дар як сол нашр мешавад, ҳамаи шумораҳои маҷалла дар дастрасии озод қарор доранд.

Муассиси маҷалла Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мебошад. Донишкада кадрҳоро барои соҳаҳои иқтисодиёт, энергетика, сохтмон, нақлиёт ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ тайёр мекунад.

Мо мақолаҳои илмии аслиро оид ба натиҷаҳои тадқиқот дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, энергетика, назарияи иқтисодӣ ва менеҷмент нашр мекунем.

Ҳамаи мақолаҳое, ки ба маҷалла ирсол мешаванд, аз ҷониби аъзоёни ҳайати таҳририя – мутахассисони пешбар дар соҳаи дахлдор тақриз мешаванд.

Дар сомонаи мо Шумо метавонед:

  • бо талабот оид ба тартибдиҳӣ ва нашри мақолаҳо шинос шавед;
  • бойгонии ҳамаи нашриёти маҷалларо ёбед;
  • дар бораи ҳайати таҳририя маълумот гиред;
  • индексатсияи маҷалларо дар РИНЦ ва eLibrary бинед.

Суроғаи таҳририя: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд, кӯчаи И. Сомонӣ 226. Тамос: тел. (+992 3422) 6 04 54, e-mail: vestnik-pittu@mail.ru

Мо муаллифонро ба нашри мақолаҳои илмӣ даъват менамоем! Мо интизори тадқиқоти ҷолибу нав ҳастем!

РАИС ВА ҲАЙАТИ ШУРОИ МАҶАЛЛА

РАИС ВА ҲАЙАТИ ШУРОИ МАҶАЛЛА

Раиси Шурои таҳририя. Раиси Шурои таҳририяи маҷалла Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, номзади илмҳои техникӣ, дотсент, аъзо-корреспонденти Академияи байналхалқии муҳандисӣ, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мебошад. e-mail: dsanginova@mail.ru

ҲАЙАТИ ШУРОИ МАҶАЛЛА

НННУнвон ва дараҷаи илмӣҶойи корИртибот
1Саидӣ Дилафрӯз Раббизоданомзади илмҳои техникӣ, дотсент, аъзо-корреспонденти Академияи байналхалқии муҳандисӣДонишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷандdsanginova@mail.ru
2Назаров Абдушукур АбдурахимовичДоктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, арбоби шоистаи илм ва техникаи ҶТДонишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷандanazarov_mtm@rambler.ru
3Авезов Азизулло ХабибовичДоктори илмҳои иқтисодӣ,профессор, академики Академияи байналхалқии муҳандисӣДонишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷандazizullo@businessconsulting.tj
4Андреева Елена ГеоргиевнаДоктори илмҳои техникӣ, профессорДонишгоҳи давлатии Россия ба номи А.Н. Косигин (Технология. Дизайн. Санъат), ш. Москваmgudt@yandex.ru
5Грачева Елена ИвановнаДоктори илмҳои техникӣ, профессорМуассисаи таълимии давлатии федералии буҷавии «Донишгоҳи давлатии энергетикии Казан», ш. Казан grachieva.i@bk.ru
6Краснова Татяна Григоревнадоктори илмҳои иқтисодӣ, профессорМуассисаи таълимии давлатии федералии буҷавии «Донишгоҳи давлатии Хакас ба номи Н. Ф. Катанов», ш. Абаканrektor@khsu.ru
7Куликов Александр Леонидовичдоктори илмҳои техникӣ, профессорДонишгоҳи давлатии техникии Нижегород ба номи Р.Е. Алексеев, ш. Нижний Новгородinventor61@mail.ru
8Мингалева Жанна Аркадевнадоктори илмҳои иқтисодӣ, профессорДонишгоҳи миллии тадқиқотии политехникии Перм, ш. Пермmingal1@pstu.ru
9Михеев Георгий МихайловичДоктори илмҳои техникӣ, профессорДонишкадаи Чебоксария (филиал) Донишгоҳи давлатии политехникии Москва, ш. Чебоксарияmikheevg@rambler.ru
10Рахманов Фархад Панах оглыДоктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, устоди хизматнишондодаи ҷумҳурӣДонишгоҳи давлатии иқтисодии Озарбойҷон, Бокуfarhad.rahmanov@atmu.edu.az
11Родина Ирина БорисовнаДоктори илмҳои иқтисодӣ, профессорДонишгоҳи давлатии идоракунӣ, ш. Москваeconteory@mail.ru
12Саидмуродов Лютфилло ҲабибуллоевичДоктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, аъзо-корреспонденти Академияи миллии илмҳои ТоҷикистонДонишкадаи иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ш. Душанбеied.ti@mail.ru
13Сафаров Маҳмадалӣ СафаровичДоктори илмҳои техникӣ, профессор, арбоби шоистаи илм ва техникаи ҶТДонишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Душанбеmahmad1@list.ru
14Сафин Алфред РобертовичДоктори илмҳои техникӣ, дотсентМуассисаи таълимии давлатии федералии буҷавии «Донишгоҳи давлатии энергетикии Казан», ш. Казанsarkazan@bk.ru
15Ахмедов Усманжон ҲамиджоновичНомзади илмҳои иқтисодӣДонишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷандu.ahmedov@mail.ru
САРМУХАРРИР ВА ҲАЙАТИ ТАҲРИРИЯ

САРМУХАРРИР ВА ҲАЙАТИ ТАҲРИРИЯ

Сармухаррир. Сармухаррири маҷалла Авезов Азизулло Ҳабибович, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи байналхалқии муҳандисӣ мебошад. Тел. +992 92 777 78 78, е-mail: vestnik-pittu@mail.ru

ҲАЙАТИ ТАҲРИРИЯ

Н.Н.Н.Унвон ва дараҷаи илмӣҶойи корИртибот
1Авезов Азизулло ҲабибовичДоктори илмҳои иқтисодӣ, профессор,академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи байналхалқии муҳандисӣДонишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷандazizullo@businessconsulting.tj
2Авезова Маҳбуба МухамедовнаДоктори илмҳои иқтисодӣ, профессорДонишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷандavezova@rambler.ru
3Акрамова Заррина БашировнаНомзади илмҳои иқтисодӣДонишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷандzarrina_2309@mail.ru
4Мақсудов Хуршед ТемуровичНомзади илмҳои физикӣ – математикӣ, дотсентДонишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷандkh.maqsudov@gmail.com
5Назаров Абдушукур АбдураҳимовичДоктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, арбоби шоистаи илм ва техникаи ҶТДонишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷандanazarov_mtm@rambler.ru
6Низамитдинов Аҳлитдин ИлёситдиновичДоктори фалсафа аз рӯи ихтисос (PhD)Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи ак.М.С. Осимӣ, ш. Хуҷандahlidin@gmail.com
7Раҳимов Абдулатиф МаҷидовичДоктори илмҳои иқтисодӣ, профессорДонишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ш. Хуҷандlatif_58@mail.ru
8Сафаров Маҳмадалӣ СафаровичДоктори илмҳои техникӣ, профессор, арбоби шоистаи илм ва техникаи ҶТДонишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Душанбе mahmad1@list.ru
9Тошходжаева Муҳаё ИсломовнаНомзади илмҳои техникӣ Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи ак.М.С. Осимӣ, ш. Хуҷандshukrona14_01_2011@mail.ru
10Ӯрунов Асрор АлиҷоновичДоктори илмҳои иқтисодӣ, профессорДонишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи ак.М.С. Осимӣ, ш. Хуҷандurunov@rambler.ru
11Худойбердиев Хуршед АтохоновичНомзади илмҳои физикӣ – математикӣ, дотсентДонишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи ак.М.С. Осимӣ, ш. Хуҷандtajlingvo@gmail.com
САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МАҶАЛЛА

САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МАҶАЛЛА

05.00.00 ИЛМҲОИ ТЕХНИКӢ

05.13.00 Информатика, техникаи ҳисоббарор ва идоракунӣ

05.13.01 Таҳлили системавӣ, идоракунӣ ва коркарди иттилоот (тибқи соҳаҳо)

05.13.06 Автоматикунонӣ ва идоракунии равандҳои технологӣ ва истеҳсолот (тибқисоҳаҳо)

05.13.11 Таъминоти математикӣ ва барномавии мошинҳои ҳисоббарор, комплексҳо вашабакаҳои компютерӣ

05.13.18 Амсиласозии математикӣ методҳои ададӣ ва комплекси барномаҳо

05.14.00 Энергетика

05.14.01 Системаҳо ва комплексҳои энергетикӣ

05.14.02 Неругоҳҳои барқӣ ва системаҳои электроэнергетикӣ

05.14.08 Дастгоҳҳои энергетикӣ дар асоси намудҳои барқароршавандаи энергия

08.00.00 ИЛМҲОИ ИҚТИСОДӢ

08.00.01 Назарияи иқтисодӣ

08.00.03 Иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ

08.00.04 Иқтисодиёти соҳавӣ

08.00.06 Иқтисодиёт ва идоракунӣ тибқи самтҳои фаъолият

08.00.10 Менеҷмент, маркетинг ва нархгузорӣ.

МАЪЛУМОТ БАРОИ МУАЛЛИФОН

МАЪЛУМОТ БАРОИ МУАЛЛИФОН

  1. Ба чоп корҳои аслӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, ки ҳуқуқи муаллифии шахси сеюмро поймол намекунад, қабул карда мешаванд.
  2. Мақола ба идораи маҷалла тавассути мактуби электронӣ пешниҳод карда мешавад. Номи файли мақола бояд насаби муаллифон ва калимаи «мақола»-ро дошта бошад. Ҳаҷми тавсияшавандаи матни мақола: на кам аз 12 000 аломат бо фосилаҳо, ҳаҷми умумии мақолаи банақшагирифташуда (бо назардошти шарҳи мухтасар, калидвожаҳо, феҳристи адабиёт) набояд аз 30 000 аломат бо фосилаҳо зиёд бошад.
  3. Мақолаҳо ройгон нашр карда мешаванд, ба муаллифон мукофотпулӣ пардохта намешавад.
  4. Идораи маҷаллаи “Паёми ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ” ҳангоми баррасии мақолаҳо бо ёрии барномаи “Антиплагиат” метавонад санҷиш гузаронад. Сатҳи ҷоизи аслияти мақола: на кам аз 75%.
  5. Мақола дар давоми 30 рӯз аз тарафи ҳайати таҳририя баррасӣ мегардад.
Ороиши унсурҳои мақола
  1. Нусхаи электронӣ дар барномаи Microsoft Word тартиб дод шуда бо .docx ё .doc сабт карда мешавад. Формати саҳифа – А4 (китобӣ), ҳошияҳо – 2 см аз ҳамаи тарафҳо, сархат – 1,0 см, баробаркунӣ – дар паҳно, фосилаи байни сатрҳо – 1. Саҳифаҳо рақамгузорӣ нашаванд. Ҳуруфи Times New Roman, андозаи – 12. Тамоми матн бояд ранги сиёҳ ва бо ҳуруфу андозаи якхела ҳуруфчинӣ шуда бошад. Дар файли мақолаҳо набояд аломатҳои махсус бошанд: интиқоли маҷбурӣ аз як сатр ба сатри дигар; фосилаи ҷудонашуда; сархати маҷбурӣ.
  2. Мақолаи дар маҷаллаи нашршаванда бояд аз унсурҳои пай дар пай ҷойгиршудаи зерин иборат бошанд:
  • Индекси таснифоти даҳии универсалӣ (УДК) – аз тарафи чап, бо ҳарфҳои сиёҳи ғафси рост;
  • номгӯи мақола – бо забони русӣ ва англисӣ, ҳарфҳои калон, аз марказ бо ҳарфҳои сиёҳи ғафс;
  • дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, вазифа, ҷойи кор (бо нишондоди шаҳр, давлат) муаллиф (муаллифон) – бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ;
  • e-mail ва телефон (барои иртиботи идора бо муаллиф, нашр намешавад);
  • шарҳи муаллиф ва калидвожаҳо – бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ;
  •  матни мақола;
  • феҳристи адабиёт — бо забонҳои русӣ ва англисӣ (дар транслитератсия).Унсурҳои мақола аз ҳамдигар бо як сатри холӣ ҷудо карда и кафедра ва муассисаи таҳсилоти олии касбиро бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣмешаванд.
  1. Аспирантон, унвонҷӯён, омӯзгорон, докторантон ном нишон медиҳанд; мақолаҳои магистрантон ҳатман бо ҳаммуаллифии номзад ё доктори илм нашр карда мешавад.
  2. Шарҳи мухтасар (Abstract) предмет ва ҳадафи мақола, методика, натиҷаҳои асосии тадқиқот, соҳаи татбиқи онҳо, хулосаҳоро инъикос мекунад. Ин мундариҷаи кутоҳи мақола бе сарсухан, ибораҳои муқаддимавӣ ва пешниҳодоти умумӣ мебошад. Ҳаҷми шарҳи мухтасар – аз 150 то 300 калима.
  3. Калидвожаҳо (Keywords) – калимаҳое, ки мувофиқи он мақола дар РИНЦ, инчунин дар пойгоҳҳои байналмилалӣ индексатсия карда мешаванд. Ибораҳо аз 3 калима зиёд набошанд. 6 – 8 калима ё ибораҳои аз ҳамдигар бо вергул ҷудошуда тавсия дода мешавад.
  4. Қисми асосии мақола бояд мувофиқи стандарти байналхалқии қабулшудаи IMRAD тартиб дода шавад: муқаддима (гузориши муаммо аз рӯи мавзуи мубрам, ҳадаф ва вазифаҳо), қисми асосӣ (баррасии сарчашмаҳои илмӣ, шарҳи методика, натиҷаҳои тадқиқот ва таҳлили онҳо), дар охири мақола ҳатман бояд хулоса оварда шавад.
  5. Истинодҳо ба адабиёти дар матн овардашуда ба таври зерхаттӣ дода мешаванд, дар охири мақола феҳристи адабиёт бо тартиби ҳуруфи алифбо оварда мешавад. Истинод ба нашрияҳои пешини маҷаллаи «Паёми ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ» аз рӯи мавзуи тадқиқот роҳ дода мешавад.
  6. Феҳристи адабиёт бояд на камтар аз панҷ сарчашмаҳои илмии ба муаммои баррасишаванда мутааллиқро дошта бошад. Барои на беш аз 25% манбаъҳои худиқтибосдиҳӣ иҷозат дода шудааст. Феҳристи адабиёт (References) бояд ба забони англисӣ такрор карда шавад.
  7. Талабот нисбати ороиши расм ва ҷадвалҳо. Расм ва ҷадвалҳо рақами тартибии худро доранд, номгӯи онҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тарҷума карда мешаванд. Дар матн ҳатман бояд шарҳ ва истинод ба онҳо дода шаванд.
ТАРТИБИ ТАҚРИЗДИҲИИ МАҚОЛАҲО

ТАРТИБИ ТАҚРИЗДИҲИИ МАҚОЛАҲОИ ИЛМИ

 

Мақолаҳои илмие, ки ба идора ворид мешаванд, аз санҷиши пешакӣ мегузаранд. Санҷиш аз тарафи аъзоёни ҳайати таҳририя – мутахассисони соҳаи дахлдори илм (номзадон ва докторони илм) гузаронида мешавад. Талабот нисбати ороиши мақолаҳо дар ҳар як шумораи маҷалла вуҷуд дорад. Ҳангоми қабули дастнавис, идора муаллифро оид ба эродҳои ҷойдошта аз рӯи мундариҷа ва ороиши мақола, ки муаллиф бояд то муҳлати муқарраршуда бартараф кунад, огоҳ менамояд.

Сипас ба мақола бо тартиби ҳатмӣ аз ҷониби аъзоёни ҳайати таҳририяи маҷалла ё экспертони берунаи ихтисосҳои дахлдор (номзадон ва докторони илм) тақриз дода мешавад.

Тақриз бояд номбаркунии асоснокшудаи сифатҳои мақола, аз ҷумла навгонии илмии муаммо, муҳимияти он, арзиши илмӣ, саҳеҳии иқтибосҳо, услуби баён, истифодаи манбаъҳои муосир, инчунин нишон додани камбудиҳои онро дар бар гирад. Дар хотима баҳои умумӣ ба мақола ва тавсияҳо ба ҳайати таҳририя дода мешавад — мақоларо чоп кардан, баъд аз таҳрир чоп кардан, барои тақризи иловагӣ ба мутахассиси ин ё он мавзуъ фиристодан ё рад кардан. Ҳаҷми тақриз на камтар аз як саҳифаи матн аст.

Мақолаҳое, ки барои чоп қабул шудааст, вале ба таҳрир ниёз дорад, бо эродҳои муҳаррир ва муқарриз ба муаллифон фиристода мешаванд. Муаллифон бояд ба нусхаи ниҳоии дастнавис тамоми ислоҳи заруриро ворид намуда, матни ислоҳшуда, инчунин нусхаи электронии шабеҳи онро бо нусхаи аслии дастнавис ба идораи маҷалла баргардонанд. Баъди ба итмом расидани ислоҳи мақола он аз нав дида баромада мешавад ва ҳайати таҳририя дар бораи нашри он қарор қабул мекунад.

Мақола дар сурати мавҷуд будани тақризи мусбӣ ва қабули аъзоёни ҳайати таҳририя – мутахассисони соҳаи дахлдори илм барои чоп қабулшуда ҳисобида мешавад. Тартиб ва пайдарҳамии нашри мақола вобаста ба санаи воридшавии нусхаи ниҳоии он муайян карда мешавад.

Тақризи нусхаи дастнависи мақола бо усули дукаратаи «нобино» сурат мегирад. Муқарризон, инчунин аъзоёни ҳайати таҳририя ҳуқуқ надоранд, ки маълумоти дар дастнавис мавҷудбударо пеш аз чоп шудан ба манфиати худ истифода баранд. Фош кардани ҷузъиёти махфии тақризи дастнавис ҳуқуқҳои муаллифро поймол мекунад. Тақризҳо дар идораи маҷалла 5 сол нигоҳ дошта мешаванд. Ҳайати таҳририяи маҷалла нусхаҳои тақризҳоро баъди гирифтани дархости дахлдор ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мефиристад.

ИНДЕКСАТСИЯИ МАҶАЛЛА ДАР ПОЙГОҲҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

 ИНДЕКСАТСИЯИ МАҶАЛЛА ДАР ПОЙГОҲҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Маҷаллаи «Паёми Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ» дар Индекси иқтибосҳои илмии Русия (РИНЦ) индексатсия карда мешавад.