МУСАССИСИ МАҶАЛЛА
Муассиси маҷалла Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Донишкада соли 2010 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2010 таҳти рақами №58 таъсис ёфтааст. Донишкада дар натиҷаи якҷояшавии ду муассисаи таълимӣ – филиали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
Дар айни замон, дар Донишкада 4 факултет фаъолият мебарад: муҳандисӣ-иқтисодӣ, информатика ва энергетика, муҳандисӣ-технологӣ, сохтмон ва нақлиёт. Раванди таълим дар донишкада аз тарафи 13 кафедра ба роҳ монда шудааст, ки дар он беш аз 140 омӯзгорон, аз онҳо 60 фоиз дорои дараҷаи илмии номзад ва доктори илм мебошанд, фаъолият мебаранд. Дар донишкада ҳудуди 3850 донишҷӯён таҳсил доранд.
Донишкада мутахассисонро барои чунин соҳаҳои хоҷагии халқ, ба монанди иқтисодиёт, энергетика, сохтмон, нақлиёт, технологияи компютерӣ, технологияи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, технологияи маҳсулоти хӯрока, технологияи саноати сабук тайёр мекунад. Донишкадаи политехникӣ тамоми васоити моддӣ –техникие, ки барои омода кардани мутахассисони соҳибтахассус заруранд, доро мебошад.
Дар донишкада зиёда аз 30 лаборатория, 15 утоқҳои махсус ва лингафонӣ, дастгоҳи намоишӣ, ки ба антеннаи параболӣ пайваст карда шудааст, 15 синфхонаҳои компютерӣ мавҷуданд. Беш аз 900 компютерҳои муосир бо шабакаи Интернет пайваст мебошанд. Толори варзиши донишкада яке аз беҳтарин дар вилоят ба ҳисоб меравад. Миқдори китобҳо дар чор китобхонаи Донишкада ба 70 ҳазор нусха, 9100 номгӯй (аз онҳо 3395 нусха дар китобхонаи рақамӣ) баробар аст.
Донишкада аъзои Ассотсиатсияи байналхалқии муассисаҳои таълимӣ оид ба мубодилаи донишҷӯён аз рӯи таҷрибаомӯзии техникӣ ва хоҷагии қишлоқ, аъзои Ассотсиатсияи байналхалқии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аъзои Кумитаи иҷроияи Федератсияи муассисаҳои таҳсилоти олии махсуси давлатҳои исломӣ мебошад. Донишкада шартномаҳои дарозмуддат оид ба ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия дорад, ки ин имкон медиҳад, то мутахассисон ва профессорон барои гузаронидани машғулияти лексионӣ даъват карда шаванд. Дар навбати худ устодони донишкада имконият ба даст оварданд, ки дар муассисаҳои таълимии Русия такмили ихтисос гузаранд.