ДАР БОРАИ МАҶАЛЛА

 

ДАР БОРАИ МАҶАЛЛА

vestnik book

   Маҷаллаи илмии техникӣ “Паёми Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ” (“Паёми ДПДТТ”) соли 2016 таъсис ёфта, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва воситаҳои ахбори омма» чоп мешавад. Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, шаҳодатномаи №0250/МД аз 4 феврали соли 2016.

Дар маҷалла мақолаҳои илмӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, дар асоси натиҷаҳои тадқиқот дар соҳаи технологияҳои компютерӣ ва иттилоотӣ, менеҷмент, энергетика, назарияи иқтисодӣ, идоракунии иқтисодиёти кишварҳо ва минтақаҳо ба нашр мерасад. Маҷалла мақолаҳои ҳайати омӯзгорону профессорон, аспирантон, докторантон, унвонҷӯёни донишкада, инчунин дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва марказҳои илмӣ-тадқиқотии  мамлакатҳои хориҷи дуру наздикро ба табъ мерасонад.

Мундариҷаи асосии маҷалларо мақолаҳои илмӣ ташкил медиҳанд. Нашрия дар як сол 4 шумора ва дар давоми 2 сол на камтар аз 8 шумора нашр мекунад. Номгӯй ва мундариҷаи бахшҳои маҷалла ба соҳаҳои илм ва гуруҳи ихтисосҳои кормандони илмӣ мутобиқи Таснифоти намунавии ихтисосҳои докторантура аз рӯи ихтисоси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, мувофиқат мекунад.

Ҳама маводҳо дар сомонаи маҷалла дар дастрасии озод қарор доранд. Ба ҳайати таҳририя 7 нафар докторони илм ва 4 нафар номзадони илм аз ҳисоби кормандони илмӣ ва илмию педагогӣ шомиланд. Тамоми аъзоёни ҳайати таҳририя мутахассисони варзидаи соҳаи худ мебошанд. Мақолаҳои илмии чопшуда дорои феҳристи адабиёт, ки тибқи қоидаҳои нашрия ороиш дода шудаанд, калимаҳои калидӣ ва шарҳи мухтасар ба забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ мебошанд. Маҷалла рақами байналхалқии силсиланашрия дорад (ISSN 2519-4062).