МУАММОҲОИ ГУЗАРИШ БА ШАБАКАҲОИ ТЕЛЕКОММУНИКАТСИОНИИ НАСЛИ НАВ

Муаллифон

         Сайдуллаев У.Ӯ. – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи  системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба  номи академик Б. Ғафуров, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, saidullaev_umed@mail.ru.

Чакида

          Дар мақола муаммоҳои гузариш ба шабакаҳои насли нав, ки ба интернет провайдерон барои пешниҳоди хизматрасониҳои муосири телекоммуникатсионӣ имконият медиҳад мавриди таҳқиқ қарор дода шавад. Муаммоҳои бунёди шабакаҳои телекоммуникатсионии насли нав, стандартҳои тарҳрезӣ ва таъминоти барномавии таҷҳизоти шабакавӣ таҳлил карда шудааст. Роҳҳои баланд бардоштани рақобатнокии хизматрасониҳои мултисервисӣ ва тамоюлҳои рушди технологияҳои коммутатсияи баставӣ омӯхта шудааст. Барои ҳалли мушкилиҳои ҷорӣ дар самти инкишоф ва роҳҳои мукаммалгардонии шабакаҳои телекоммуникатсионии мавҷудбуда кӯшиш карда шудааст. Роҳҳои зиёд намудани маҷмӯи хизматрасониҳо тавассути ворид намудани технологияҳои муосири телекоммуникатсионӣ баррасӣ карда шудааст. Рушди хизматрасониҳои мултимедиявӣ, ки танҳо тавассути шабакаҳои насли нав дар заминаи IP-технологияҳо пешниҳод карда мешавад, омӯхта шудааст. Хулоса карда шудааст аст, ки гузариш ба шабакаҳои насли нав ин тақозои замон буда, барои баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасонӣ ва рақобатпазирии шабакаҳои телекоммуникатсионии мавҷудбуда имконият медиҳад. Инчунин барои ворид намудани хизматрасониҳои нави телекоммуникатсионӣ ва бо ин васила баланд бардоштани сатҳи даромаднокии ширкатҳои телекоммуникатсионӣ шароит фароҳам меоварад.

 

Забон

тоҷикӣ

Намуд

илмҳои техникӣ

Сол

2020

Саҳифа

16-20

Калидвожаҳо

       IP- технологияҳо, хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ, шабакаҳои насли нав, коммутатсия, рақобат, пайвастшавии баставӣ, медиашлюзҳо.

 

Рӯйхати адабиёти истифодашуда

      1. Битнер В.И. Сети нового поколения NGN / В.И.Битнер, Ц.Ц. Михайлова. – М.: Горячая линия-Телеком, 2011.
      2. Сайдуллаев У.У. Услуги IPTV в конкурентной рыночной среде / У.У. Сайдуллаев // Научное обозрение: теория и практика. – М., 2018. – №6. C. 197–202.
      3. Соколов Н.А. Особенности современных эволюционных процессов в электросвязи / Н.А. Соколов. – «Вестник связи». – М., №4. С. 46-49.

 

Таърихи нашр 

9/16/2023