Муаллифон
Исомаддинова Р.М. – номзади илмҳои физика – математика, дотсент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, rano1971@rambler.ru.
Чакида
Дар мақола мақом ва усули истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандони касбӣ дар низоми фосилавӣ таҳлил карда шудааст. Салоҳияти технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ муайян карда шуда, нишон дода шудааст, ки татбиқи самараноки технологияи замонавӣ дар такмили ихтисос азнавкунии бефосилаи донишро таъмин мекунад. Муайян карда шуд, ки сифати баланди такмили ихтисос дар шароити худомӯзӣ ҳангоми дар амал татбиқ намудани равишҳои зерин таъмин карда мешавад: мавҷудияти муҳити омӯзиши иттилоотӣ – Web-захираҳои таълимӣ, ҷомеаи педагогии шабакавӣ, донишгоҳҳои шабакавӣ; дониш ва малака дар истифодаи Web- технологияҳо – ҷустуҷӯйи Web-захираҳои таълимӣ, имконияти маълумотгирӣ аз Web-захираҳо, таъсиси Web-захираҳо, таҳлил ва мутобиқгардонии Web-захираҳои таълимӣ; маҳорати касбии татбиқи дониш дар соҳаи таълим ва дониш дар соҳаи истифодаи Web- технологияҳо дар фаъолияти касбӣ.
Калидвожаҳо
такмили ихтисос, омӯзгорон, кормандони касбӣ, технологияҳои иттилоотӣ, технологияҳои коммуникатсионӣ, низоми фосилавӣ, салоҳият, азнавкунии бефосила, самаранокии татбиқ.
Забон тоҷикӣ |
Намуд техникӣ |
Сол 2019 |
Саҳифа 16-19 |
Рӯйхати адабиёти истифодашуда
- Исомаддинова Р.М. Технологияи нави информатсионӣ дар низоми таҳсилоти фосилавӣ./ Р.М. Исомаддинова-Маводи конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Таҳсилоти фосилавӣ”- Хуҷанд, ДПДТТХ, 27 феврал соли 2016. Саҳ 40-42.
- Иванов Д.А, Митрофанов К.Г., Соколова О.В. Компетентностный подход в образовании. Проблемы, понятия, инструментарий. Учебно-методическое пособие. – М.: АПК и ПРО, 2003. – 101 с.
- Полат Е.С. Проблемы организации системы дистанционного обучения в Российской федерации. Институт содержания и методов обучения РАО: http://www.distant.ioso.ru/for%20teacher/25-11-04/problem.htm (9.11.2010г)
- Горбунова Л.М., Семибратов А.М. Построение системы повышения квалификации педагогов в области информационно-коммуникационных технологий на основе принципа распределенности. Конференция ИТО-2004: http://ito.edu.ru/2004/Moscow/Late/Late-0-4937.html (9.11.2010г)
Таърихи нашр
09/22/2023