АФЗАЛИЯТИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ ДАР ТАШКИЛИ РАВАНДИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ

Муаллифон

      Исомаддинова Р.М. – номзади илмҳои физика-математика, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, rano1971@rambler.ru

    Муллоҷонов Н.М.- докторанти Ph.D, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон,mullojonov.nazirjon@gmail.com

 Чакида

Дар мақола бо истифода аз технологияи иттилоотӣ ташкили раванди таълим барои донишҷӯёни шакли таҳсилашон фосилавӣ баррасӣ карда мешавад. Афзалияти технологияҳои иттилоотӣ ва компютерӣ дар таълими фосилавӣ муайян карда шуда, нишон дода шудааст, ки татбиқи самаранокии технологияи замонавӣ омили рушди таълиму тарбия дар айни замон мебошад. Пешрафти техникии муосир: каналҳои оптикии алоқа, системаҳои почтаи электронӣ ва кори муҳити автоматикунонидашудаи иттилоотӣ таълиму тарбияи босифатро таъмин хоҳад кард. Ин маънои онро дорад, ки муҳити иттилоотӣ на танҳо ҳалли мушкилоти дастрасӣ ба донишро муҳайё мекунад, балки дар ташаккули шахсияти донишҷӯ ҳамчун мутахассиси оянда саҳми калон дорад. Ҷорӣ намудани усулҳои нави тарбия бо истифода аз технологияи муосир дар ин шакли таълим ба ҳалли як қатор проблемаҳои муҳимтарини ҷамъияти муосир кумак мерасонад, дар рушди ҳамаҷонибаи шахс шароит фароҳам меоварад. Дар хулоса таъкид шудаст, ки бо истифода аз технологияи навини иттилоотӣ   таҳсили фосилавӣ ба асри 21 ҳамчун усули самараноки тайёр намудани кадрҳо дохил шудааст, зеро вай ду принсипи асосии таҳсили муосирро дар ҳаёт татбиқ мекунад, ки ин ҳам бошад, “таҳсил дар тӯли ҳаёт” ва “таҳсил барои ҳама” аст

Калидвожаҳо

  низоми фосилавии таҳсил, корҳои тарбиявӣ дар таълими фосилавӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва компютерӣ, раванди тарбиявии таълими фосилавӣ, таълими электронӣ, омӯзгор.

Забон

тоҷикӣ

Намуд

техникӣ

Сол

2021

Саҳифа

14-21

Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда

  1. Авезова М.М., Юсупова М.З  Методические и практические аспекты системы оценки менеджмента качества образования в Согдийской области Республики Таджикистан на основе компетентностного подхода. Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук. 2019. № 8. С. 135-142.
  2. Дорофеева Т.В. Способы организации воспитательной работы со студентами в условиях дистанционного обучения. / Т.В. Дорофеева- Известия РФЭИ. Электронный научный журнал. 2016. Выпуск 3.
  3. Исомаддинова Р.М. Истифодаи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар низоми такмили ихтисос./Р.М.Исомаддинова-Маҷаллаи илмӣ-техникӣ “Паёми ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ”-№3(12), 2019, Хуҷанд, ДПДТТХ. Саҳ 16-21.
  4. Исомаддинова Р.М., Муллоҷонов Н.М. Модели таъминоти барномавии сомонаи таҳсилоти фосилавӣ дар МТОК/ Р.М. Исомаддинова, Н.М. Муллоҷонов – Маводҳои конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ. ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ. 2017 саҳ. 843-847.
  5. Исомаддинова Р.М., Муллоҷонов Н.М. Технологияи нави информатсионӣ дар низоми таҳсилоти фосилавӣ/ Р.М.Исомаддинова, Н.М. Муллоҷонов. – Маводи семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “ Таҳсилоти фосилавӣ” ДПДТТ Хуҷанд 2016 саҳ.40-42.
  6. Хромцова Ю.Н. Воспитательная работа на дистанционном обучении / Ю.Н. Хромцова. Проблемы и перспективы развития образования: материалы XII Междунар. науч. конф. г. Краснодар, май 2020 г.

 

Таърихи нашр

2023-09-25