ТАДБИҚИ УСУЛИ ОПЕРАТОР-МАТРИТСАВӢ ВА КАЛИДИ ДУКАРАТА ДАР БАДАЛСОЗИИ ОБЪЕКТ

Муаллифон

            Ғафуров М.Ҳ. – номзади илмҳои техникӣ, дотсент, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, mirugaf56@gmail.com

 Чакида

  Дар мақолаи мазкур тарзи сохтани алифбои бадалсозӣ, сохтан ва истифодаи калиди дукарата, дар мисоли усули бадалсозии оператор-матритсавӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Бояд қайд намуд, ки усули бадалсозии оператор-матритсавӣ дорои устувории баланди объекти пӯшида мегардад. Рушди босуръати илму техника, рақамикунонии соҳаҳои мухталифи ҷомеа, истифодаи васеи технологияи муосир дар фаъолияти аксари соҳаи муҳими давлатӣ ҷараёни дастрасӣ ба маълумоти махфӣ ва дигар иттилооти дастрасиаш маҳдудро барои кишварҳои хориҷӣ ба маротиб содда гардонида, аз мо таваҷҷуҳи бештарро барои таҳкими низоми миллии ҳифзи техникии иттилоот тақозо менамояд. Дар айни ҳол дар системаҳои иттилоотӣ барномаҳои махсусгардонидашудаи ҳифзи объектҳои иттилоотӣ бо усулҳои гуногуни бадалсозии объекти кушода ба объекти пушида ё баръакс мавҷуданд, ки шахсон ё гурӯҳҳои манфиатдор бо дастрас кардан, азхуд кардан ва истифодаи онҳо объекти матни пӯшидаро бо тезӣ ба объекти кушода тадил дода, аз мазмуни он огоҳ мегарданд.
    Ҷиҳати пешгирӣ ва ҳифз кардани объекти кушода талаб карда мешавад, ки усулҳои нави бадалсозӣ бо устувории баланд пешниҳод карда шавад. Муаллифи мақола ба хулосае омад, ки ҳангоми интихоби калиди ивазкунандаи дуюм ҷуфти ихтиёрии элементҳо пешниҳод карда мешавад, ки дар ҳар як ҷуфт яке иваз карда мешавад, дигаре ивазкунанда аст. Дар ин ҳолат, ҳар қадар элементҳо дар маҷмӯи ивазкунанда зиёд бошанд, эҳтимолияти муайян кардани варианти ихтиёрии калиди ивазкунанда ҳамон
қадар ба сифр наздиктар мешавад.

Калидвожаҳо

  усул, объект, алифбо, бадалсозӣ, бадалкунӣ, аксбадалкунӣ,
оператор, маҷмӯъ, аломат, калид, вариант, устуворӣ

Забон

тоҷикӣ

Намуд

техникӣ

Сол

2023

Саҳифа

13-17

Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда

  1.  Гафуров М.Х. Шифрование объекта оператор – матричным методом. //
    Общественная безопасность, законность и правопорядок в III тысячелетии / проблемы
    и тенденции развития: сборник материалов Международной научно-практической
    конференции. Уфа, 16–17 мая 2019 года. – Уфа: Уфимский ЮИ МВД России, 2019. – С.
    57-64.
  2. Gafurov M.Kh. Application of operator-matrix method and double key in object encryption
    17
  3.  Гафуров М.Х., Косимов А.А., Абдукарим А. Об одном способе разработки
    уникальных вариантов алфавита шифрования. //Политехнический вестник. Серия:
    Интеллект. Инновации. Инвестиции. – 2022. -№1 (57). – С.47-50.
  4. Ғафуров М.Ҳ. Бадалсозии объекти матнӣ бо истифодаи символҳои забон.
    //Политехнический вестник. Серия: Интеллект. Инновации. Инвестиции. – 2020. -№4
    (52). – С.31-35.
  5.  Ғафуров М.Ҳ. Татбиқи операторӣ дар усули бадалсозии Полибей. //Маводҳои
    конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Илмҳои техникӣ ва таҳсилоти
    муҳандисӣ барои рушди устувор”. Қисми 2. / Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи
    академик М.С. Осимӣ. Душанбе, – 2021. – С.78-82.
  6.  Ғафуров М.Ҳ., Қосимов А.А. Тарзи сохтани алифбои уникалии бадалсозӣ.
    //Вестник ПИТТУ имени академика М.С. Осими. Ходжент. – 2022. -№ 1(22). – С. 16-22.
  7.  Исмаилов М.А. Основы автоматизированного морфологического анализа слов
    таджикского языка. //Институт математики АН РТ, Душанбе. 1994, 156 с.
  8.  Солиев О.М., Худойбердиев Х.А., Довудов Г.М. Система автоматической проверки орфографии таджикского языка – TajSpell. // Вестник Технологического университета Таджикистана. 2021. -№3(46). – С.188-193.
  9.  Усманов З.Д., Довудов Г.М. О формировании базы префиксов таджикского
    литературного языка. //Доклады АН Республики Таджикистан. –2009, т. 52, № 6. –
    С.431-436.
  10.  Усманов З.Д., Довудов Г.М. Формирование базы морфов таджикского языка:
    монография / – Душанбе: Дониш, 2014. – 109 с.

 

Таърихи нашр

2023-10-11