Муаллифон
Қобилов Ш.С. — номзади илмҳои техникӣ, иҷрокунандаи вазифаи доцент, дотсент, кафедраи системаҳои идоракунии автоматӣ, Донишкадаи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш.Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, kabilov.shavkat@yandex.ru
Назаров А.Ш. – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва ҳифзи иттилоотӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ш.Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, akbarnazarow@yndex.ru
Чакида
Дар мақола омилҳо ва шароитҳои таъмини устувории низоми иттилоотии идоракунии (НИИ) муассисаи таълимии умумӣ оварда шудааст. Махсусан, диққат ба зарурати таҳияи механизми ташкилии коркарди НИИ ва дастгирии молиявии он равона карда шудааст. Омилҳои устувории низоми иттилоотии автоматикунонида-шудаи идоракунии муассисаи таълимии умумӣ дар Тоҷикистон баррасӣ карда шудаанд. Вазифаҳои асосии татбиқи чунин низом – баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои таълимӣ, автоматикунонии фаъолияти муассиса, гузариш ба технологияи идоракунии беқоғаз таҳлил карда шудаанд. Омилҳои калидии устуворӣ ҷудо карда шудаанд: саводно-кии баланди компютерии кормандон, мавҷудияти инфрасохтори дастгирии техникӣ, механизми ташкилӣ ва сарчашмаи маблағгузорӣ. Чораҳо оид ба афзоиши эътимоднокии низом ва таъмини пайдарҳамии коркарди он баррасӣ шудаанд. Хулоса шудааст, ки барои таъмини устувории низоми иттилоотии автоматикунонидашудаи идоракунии мактаб маҷмӯи чораҳои ташкилӣ ва техникӣ зарур аст. Омилҳои калидӣ омодагии кормандон дар соҳаи ТИ, ташкили инфрасохтори дастгирии техникӣ, танзими ҳуқуқӣ ва таъмино-ти молиявии равандҳо мебошанд. Барои афзоиши устуворнокии низом бояд ҳалҳо оид ба эҳтиёткорӣ, барқарорсозии фаврӣ, навсозии мунтазами НТ ва ҳимоя аз таҳдидҳои ки-берӣ истифода бурд. Назорати доимии коршоямӣ ва навсозии саривақтии низом муто-биқи талаботи раванди таълим зарур аст. Татбиқи низоми автоматикунонидашудаи идоракунии мактаб имкон медиҳад самаранокии идоракунии мактаб ва сифати таълим-ро дар сурати таъмини устуворияш баланд бардорад.
Калидвожаҳо
низоми иттилоотии автоматикунонидашуда, идоракунии муас-сисаи таълимии умумӣ, устуворӣ, омилҳо, пайдарҳамии коркард
Забон тоҷикӣ |
Намуд техникӣ |
Сол 2023 |
Саҳифа 19 |
Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда
- Автоматизация решения задач управления / К. Кастеллани; Пер. с фр. В. Н. Мальцева, Т. В. Молчановой. – М.: Издательство «Мир», 1982. – 471 с.
- Информационная технология: вопросы развития и применения / В. И. Грицен-ко, Б. Н. Паньшин; АН УССР, Ин-т кибернетики им. В. М. Глушкова. – Киев: Наук. думка,– 265, [3] с. : ил.; 22 см.; ISBN 5-12-009332-9
- Кабилов Ш.С., Бабаева Р.Р. Определение состава функциональных подсистем автоматизированной информационной системы управления образованием Республики Таджикистан. Политехнический вестник. Серия: Интеллект. Инновации. Инвестиции. Научный журнал. №1(49). Душанбе: 2020. – с. 26-31
- Мартин Дж. Планирование развития автоматизированных систем. – М.: Фи-нансы и статистика, 1984. – 196 с.
Таърихи нашр
2023-10-18