ТАСНИФОТИ ХАТАРҲО ДАР СИСТЕМАҲОИ ИДОРАКУНИИ БАЗАИ МАЪЛУМОТ

Муаллифон 

 

 Назаров А.А. – омӯзгори калон, кафедраи барномасозӣ ва низомҳои  иттилоотӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  ба номи академик М.С. Осимӣ

 

Чакида

 

 Таснифоти хатарҳо нисбат ба системаҳои идоракунии базаи маълумот оварда шудааст. Таснифот дар асоси схемаи ҷамъбастшудаи таснифоти хатарҳо, ки аз тарафи  В.А.Грасименко пешкаш гардидаанд, тартиб дода шудаанд. Хатарҳои берунӣ ва дохилии манбаи додаҳо тавсиф дода шудааст. Хатарҳо ба се сатҳ ҷудо мешавад: сатҳи шабака, сатҳи системаи оператсионӣ, сатҳи манбаи додаҳо. Таснифот имконияти ба назар гирифтани миқдори зиёди хатарҳои имконпазири системаҳои идоракунии манбаи додаҳоро дар рафти лоиҳакашии он медиҳад.

 

Калидвожаҳо

 

 Системаи иттилоотӣ, базаи маълумот, хатарҳо, намуди хатарҳо, технологияи клиент-сервер, Web-сервер, обеъктҳои базаи маълумот, протокол, TCP/IP, HTTP, стансияи корӣ, сервер, намудҳои ҷустуҷӯ, системаи идоракунии базаи маълумот, ваколатҳо, операторҳо, хатогии фаталӣ, вирусҳо, намуди вирус, намуди диски сахт, сектори диск, намудҳои дастрасӣ, ҳифзи иттилоот, ҳамлаҳо.

 

Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда

 

  1. ГОСТ Р ИСО / МЭК 15408. Информационная технология. Методы и средства обеспечения безопасности. Критерии оценки безопасности информационных технологий / http:www.fstec.ru. Дата обращения 25.09.2017.
  2. Специальные требования и рекомендации по технической защите конфиденциальной информации. М.: СИПРИЛ, 2002. – 80 с.
  3. Герасименко В.А. Защита информации в автоматизированных системах обработки данных. – М.: Энергоатомиздат, 1994. – Кн. 1. – 400 с.
  4. Хомоненко А.Д., Цыганков В.М., Мальцев М.Г. Базы данных. – СПб. КОРОНА принт, 2006. – 736 с.
  5. Смирнов С.Н. Безопасность систем баз данных. – М.: Гелиос АРВ, 2007. – 382 с.

 

Таърихи нашр

2023-10-25