Муаллифон
Тошхоҷаева М.И. – номзади илмҳои техникӣ, омӯзгори калон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, shukrona14_01_2011@mail.ru
Чакида
Имконияти истифодаи системаҳои дорои манбаи тақсимшуда дида баромада шудааст. Роҳҳои интегратсияи системаҳои дорои манбаи тақсимшуда, мураттаб намудани якчанд манбаи маҳаллии энергияи барқ бо манбаи мутамарказ баррасӣ гардидааст. Ба сифати мисол, системаи таъминоти барқии корхонаҳои саноатии ноҳияи Конибодоми вилояти Суғдро метавон пешниҳод кард. Нақшаи як хаттаи таъминоти барқии корхонаҳои саноатӣ оварда шудааст. Борҳои электрикии корхонаҳои саноатӣ вобаста аз рушди дурнамо таҳлил карда шудааст. Энергияи активӣ, реактивӣ ва пурраи корхонаҳо, омили энергетикӣ бо назардошти дарозии шабакаи тақсимотӣ дода мешавад. Ҷараёни ҳисобӣ дар ҳамаи шохаҳои ноҳиявӣ барои таъмини барқи мутамарказ муайян шудаанд. Бо дарназардошти сарфи нерӯи барқ ва ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, нақшаи ҳисобӣ бо се манбаи барқ тартиб дода шудааст. Ҳангоми ҳисоб кардани ноқили барқӣ усули ду гиреҳ истифода шудааст. Тақсимоти ҷараёнҳо ва иқтидорҳои активӣ, реактивӣ ва пурра ҳангоми мавҷудияти се манбаъ муайян карда шудаанд. Ҷараён дар шохаҳои алоҳидаи системаи таъминоти барқ дар корхонаҳои саноатӣ муайян карда шудааст.
Калидвожаҳо
тавлиди тақсимшуда, манбаъҳои энергия, усули ду гиреҳ, корхонаҳои саноатӣ, сарборӣ