ТАМОЮЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ ТАВОЗУНИ ПАРДОХТИ ТОҶИКИСТОН

Муаллифон

 

  Раупов К.С. – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, кафедраи молия ва қарз,Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академикМ.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, komiljon001@mail.ru

 

Чакида

 

  Сохтор ва ҳаҷми содироти хизматрасониҳои Тоҷикистон таҳлил карда шуданд. Мақоми содироти хизматрасониҳои сайёҳӣ ҳамчун самти баланд бардоштани иқтидори содироти мамлакат ва тамоюли рушди он асоснок гардиданд. Муайян карда шуд, ки дар давоми солҳои баррасишуда ҳаҷми он ду маротиба зиёд шуда, фаъолияти сайёҳӣ дорои имконияти назаррас мебошад. Динамикаи нишондиҳандаи қисми ҳисоби амалиёти ҷорӣ ва сохтори содироти соҳаи сайёҳӣ баррасӣ карда шуданд. Дар асоси истифодаи амсилаи таҳлили техникӣ пешгӯйӣ намудан мумкин аст, ки дар натиҷаи афзудани содироти фаъолияти сайёҳӣ дефитсити амалиёти ҷории тавозуни пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон кам мегардад.

 

Калидвожаҳо

 

иқтидор, содирот, соҳа, хизматрасонӣ, таҳлил, нақш, сайёҳӣ, тавозуни пардохт, дурнамо

 

Рӯйхати адабиёти истифодашуда

 

  1. Гайбуллаев А. Внешнеэкономическая деятельность Республики Таджикистан // Таджикистан и современный мир. – 2014. – №2 (25). – С. 40.
  2. http://www.president.tj – Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  3. https://knoema.ru – Атласи маълумоти ҷаҳонӣ
  4. https://nbt.tjСомонаи расмии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Таърихи нашр

2023-10-26