Муаллифон
Қосимов А.А. – номзади илмҳои техникӣ, сармуаллим, кафедраи барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, abdunabi_kbtut@mail.ru
Чакида
Масъалаи шинохти муаллифони асарҳо дар алоҳидагӣ барои шеърҳои классикон ва муосир, инчунин насри муосир ҳал карда мешавад. Барои асарҳо симои рақамӣ гузошта шуд, ки қатори басомади триграммаи ҳарфҳо дар матнро тавсиф медиҳанд. Самаранокии татбиқи γ-таснифгар бо симои рақамии зерин барои муайян кардани муаллифони асарҳо муқаррар карда шуд. Аниқ гардид, ки басомади вохӯрии триграммаҳои забони тоҷикӣ дар асарҳои бадеӣ ин муайянкунандаи муаллиф аст. Барои муайянкунии муаллифи матн бо басомади вохӯрии ҳарфҳои триграмма ва имконияти истифодабарии таснифгари Усмонов З.Ҷ. таҳқиқот гузаронида шуд. Роҳҳо, мақсад ва имконияти таснифгари Усмонов З.Ҷ. оварда мешаванд. Симои рақамӣ ва фазои ченаки асарҳои бадеӣ сохта шудаанд. Бо мақсади ягонагии эҷодиёти муаллиф, қимати ченаки муқоисакунанда муқаррар карда мешаванд, ки дар асоси он ягонагии синфҳои асарҳо муайян мешаванд. γ-таснифгари бузургии тасодуфии фосиладор, ки самаранокии баландро дар муайян кардани муаллифи асарҳои шоирону нависандагони форсу тоҷик нишон дода буданд, барои муайян кардани муаллифи асарҳои бадеӣ дар алоҳидагӣ тафтиш карда мешаванд.
Калидвожаҳо
забони тоҷикӣ, матн, назм, наср, басомади вохӯрӣ, триграмм, таснифгар, муайянкунӣ
Таърихи нашр
2023-10-26