Муаллифон
Салиев М.А. – номзади илмҳои техникӣ, таҳқиқотчии пешбар, шуъбаи технологияҳои нав, Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, malik.saliev@mail.ru
Юсупова М.З. – докторанти ихтисоси 6D060400, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, madinahon.yusupova@mail.ru
Каландаров Ҳ.У. – номзади илмҳои техникӣ, мудири кафедраи таъминоти барқ ва автоматика, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, huseinjon.86@mail.ru
Чакида
Мақола ба омӯзиши параметрҳои динамикии равандҳои мубодилаи гармӣ дар девори бино, дар асоси назорати ҳарорати қисми дохилӣ ва берунаи бино бо истифодаи микрокомпютер бахшида шудааст. Ҳадафи кор омӯхтани раванди таъминоти гармидиҳӣ тавассути деворҳои беруна дар давраи тобистон ва ӣаҳодиҳии энергияи ҷамъшуда дар онҳо мебошад. Параметрҳои ҳаррӯзаи динамикии ҷараёни гармиузаронии девори бино омӯхта шуда, хусусиятҳои интиқоли гармӣ дар асоси панелҳои аз нури офтоб ҳимоякунандаи бино дар давраи рӯзҳои гармтарини тобистон таҳқиқ карда шуданд. Хусусиятҳои системаи нигоҳдории энергия вобаста ба ғафсӣ ва масолеҳи қабати девори бино ҳисоб карда шудаанд. Усули моделсозии раванди интиқоли гармӣ тавассути девори беруна аз рӯи маълумоти ҳарорат дар қабатҳои дохилӣ ва берунаи девор пешниҳод карда шудааст. Баҳодиҳии хусусиятҳои воқеии системаи нигоҳдории энергия ва ҳудуди тағйирёбии динамикии ҳаррӯза дар давраи гармшавии ҳадди фасли тобистон гирифта шудааст. Диапазони динамикии тағирёбии гармии девори бинои таълимӣ шабона аз 0 то 13,9 Вт / м2, интиқоли гармӣ аз 0 то – 36,7 Вт / м2 дар давоми рӯз ташкил медиҳад. Таҳқиқи таҷрибавии параметрҳои динамикии равандҳои мубодилаи гармӣ дар конструксияи девори бинои таълимии факултети информатика ва энергетикаи ДПДТТХ гузаронида шудааст.
Калидвожаҳо
нигоҳдории энергия, мубодилаи гармӣ, таъминоти гармӣ, талафи гармӣ, девор, конструксияҳои иҳотакунанда, бино, давраи тобистон