ТАШАККУЛИ НИШОНДИҲАНДАИ ИНТЕГРАЛ БАРОИ АРЗЁБИИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИ МИНТАҚА

Муаллифон

 

Саидхоҷаева Д.М.омӯзгори калон, кафедраи иқтисодиёти соҳавӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, snafisakhon@mail.ru

 

Чакида

 

 Дар мақола усулҳои мавҷудаи баҳодиҳии рушди устувори минтақа таҳлил гардиданд. Барои гузариш ба татбиқи амалии консепсияҳои рушди устувор каркарди равишҳои нав барои ташаккули нишондиҳандаи интегралии рушди устувор лозиманд, ки системаи асосноки нишондиҳандаҳои устувориро металабанд. Муаллиф пешниҳод менамояд, ки нишондиҳандаи интегралӣ дар асоси коэффитсиентҳои асосӣ ва занҷирӣ ба даст оварда шавад. Дар мақола системаи нишондиҳандаҳои устувории система муаррифӣ шуда, марҳилаҳои ташаккули нишондиҳандаи интегралӣ асоснок карда шудаанд ва дар хулоса арзишҳои ҳаддӣ ба даст овардани устувории минтақа муайян карда шудаанд. Методологияи пешниҳодшудаи баҳодиҳии вазъи устуворӣ метавонад барои татбиқи вазифаҳо ва ҳадафҳои барномаи рушди устувор дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ истифода шавад.

 

Калидвожаҳо

 

рушди устувор, нишондиҳандаҳо, нишондиҳандаи интегралии рушди устувор, системаи нишондиҳандаҳои баҳодиҳии рушди устувори минтақа

 

Таърихи нашр

2023-10-26