ТАТБИҚИ ОПСИОНИИ ҲАҚИҚӢ ДАР БАҲОГУЗОРИИ САМАРАНОКИИ ЛОИҲАҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ

Муаллифон

 

Юсупова Г.А.номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, кафедраи молия ва қарз,Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академикМ.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, yusupova_gulya@rambler.ru

Очилова К.О.магистрант, кафедраи молия ва қарз, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, katya.ochilova@mail.ru

Каримова М.И.докторант, кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг, Донишгоҳи давлании Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, maftunakhon.karimova@gmail.com

 

Чакида

 

Дар мақола равишҳои асосии тафсири мафҳуми “лоиҳаи инвеститсионӣ” баррасӣ карда шудааст, таснифи лоиҳаҳои сармоягузорӣ тавсиф карда шудааст, ки дар чунин нишонаҳо асос ёфтааст: дараҷаи таъсири мутақобила, таъсир ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, шакли моликият ва ҳаҷми сармоягузорӣ, намуди даромад ва гардиши пулӣ, самти функсионалӣ ва усулҳои маблағгузорӣ, инчунин сатҳ, миқёс, мураккабӣ, муҳлати татбиқ, талаботи захираҳои маҳдуд, хусусияти вазифаи мақсаднок, объекти фаъолияти сармоягузорӣ.  Равишҳо ба шарҳи моҳияти иқтисодии категорияҳои  “опсиони ҳақиқӣ” баррасӣ карда шуд, нуқтаи назари олимони хориҷӣ ва рус оид ба таснифи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба низом дароварда шудааст, таҳлили муқоисавии усулҳои баҳогузории самаранокии лоиҳаҳои сармоягузорӣ гузаронида шуд ва нишон дод, ки истифодаи усули опсиони ҳақиқӣ, имконияти дақиқтар арзёбӣ кардани самаранокии татбиқи лоиҳаи инвеститсиониро дорад. Навоварии илмии тадқиқот пешниҳоди муаллифонро оид ба таснифи иловагии лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз рӯйи намуди фоида, дараҷаи вобастагии оморӣ ва интихоби усули опсиони ҳақиқие, ки дар меъёрҳои тамаркуз ба гардиши пули нақд, баҳисобгирии хавфҳо, чандирии қарорҳо, номуайянӣ ва ноустувории арзиши лоиҳа асос ёфтааст ва ҳамчун усули оптималии арзёбии самаранокии онҳоро ба ҳисоб меравад.

 

Калидвожаҳо

 

лоиҳаи сармоягузорӣ, таснифи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аломатҳои таснифот, усулҳои арзёбӣ, самаранокии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, опсиони ҳақиқӣ, номуайянӣ, қарорҳои идоракунӣ

 

Таърихи нашр

2023-10-27