Муаллифон
Қосимова М.Ҳ. – омӯзгори калон, кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, kosimova1979@gmail.com
Чакида
Дар мақолаи мазкур асосҳои назариявии фаъолияти маркетингӣ баррасӣ карда шуда, нақш ва аҳамияти он дар фаъолияти ширкатҳои телевизионӣ асоснок карда шудааст. Монеаҳои баланбардории рақобатпазирии ширкатҳои телевизионӣ дар минтақа аниқ гардиданд. Шартҳои асосии ноил шудан ба сатҳи дахлдори рақобатпазирии ширкатҳои телевизионӣ баррасӣ карда шуданд. Зарурати пешниҳоди маълумоти пурра ба таблиғгарон дар бораи тамошобинон ва истифодаи оқилонаи захираҳо асоснок карда шуд. Дар ин ҷода аз ҷониби муаллиф дар ҷараёни таҳқиқот рейтинги ширкатҳои телевизионие, ки дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, муайян карда шуд. Ин рейтинг барои муайянкунии мавқеи ширкати телевизионӣ дар байни тамоми ширкатҳои телевизионии дар вилоят фаъолиятбаранда имконият медиҳад ва ҳамчун элементи арзёбии фаъолияти маркетингии он хизмат мекунад. Натиҷаҳои таҳқиқот метавонанд дар равандҳои таҳияи нақшаҳои рушди ширкатҳои телевизионӣ истифода шаванд. Инчунин таблиғгарон низ онҳоро барои ба даст овардани таъсири беҳтарини таблиғотӣ ба маҳсулоти худ бомуваффақият татбиқ намоянд. Ғайр аз ин, натиҷаҳои таҳқиқотро бо мақсади танзими давлатии бозори олигополияи хизматрасонии телевизион ва радио дар ҷумҳурӣ истифода бурдан мумкин аст.
Калидвожаҳо
ширкатҳои телевизионӣ; рақобат, фаъолияти маркетингӣ, рейтинг, ҳиссаи барномаҳои телевизионӣ, шумораи тамошобинон
Рӯйхати адабиёти истифодашуда
- Авезов А.Х., Дмитриева Д.В. Методы оценки эффективности маркетинговой деятельности на промышленном предприятии // Научно-технический журнал. Вестник Политехнического института Таджикского технического университета имени академика М.С. Осими. — №2 (15), Худжанд, 2020. С. 49-62
- Вартанова Е. Медиаэкономика зарубежных стран/Е.Варатанова. – М.: Аспект Пресс, 2003. — с.74.
- Карданов Э.М. Маркетинговая деятельность предприятий // Актуальные проблемы гуманитарных и естественных наук. 2015. №9 -1. С. 137-139.
- Катаева Н.Н. Оценка эффективности управления маркетинговой деятельностью на предприятии // Проблемы современной науки и образования. 2014. №7 (25). С. 37-39.
Коньшунова А.Ю.Проектное управление маркетинговой деятельностью // Сборники конференций НИЦ Социосфера. 2014. № 44. С. 17-23.
- Котлер Ф. и др. Основы маркетинга. – М.; СПб.; К.: Издат. дом «Вильямс», 1998. – 1056 с.
- Куликова А.В. Пути повышения конкурентоспособности отечественных промышлен-ных предприятий // Вестник ННГУ им. Н.И. Лобачевского. 2012. №4 (1). С. 320-324.
- Куценко Е.С., Воронова А.Г. Формирование мероприятий по стратегическому управ-лению маркетинговой деятельностью предприятия // Бенефициар. 2016. № 1 (1). С. 42-46.
- Мальковская Я.В. Развитие маркетинга телевизионных услуг: региональный аспект. Автореферат диссертации на соискание ученой степени кандидата экономических наук М, 2011.
- Османов К.М., Аппазова Д.Р. Маркетинговая деятельность как фактор конкурентоспособности предприятия // Экономика и социум. 2017. № 6-2 (37). С. 49-52.
- Savina S.V., Tsvetkova O.N., Galimova L.I., Avezov A.H., Nazarov A.A. Application of telecommunications technologies in the Management of territories. Journal of Environmental Management and Tourism. 2020. Т. 11. № 5. С. 1143-1151.
- Пайтаева К.Т. Маркетинговая деятельность в системе управления предприятием // Новая наука: Теоретический и практический взгляд. 2016. № 6-1 (87). С. 199-201.
Таърихи нашр
2023-10-27