УСУЛҲОИ ТАШАККУЛИ СИЁСАТИ КАДРӢ БАРОИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ИҚТИСОДИИ КОРХОНАҲОИ МИНТАҚАВӢ

Муаллифон

 

Баҳодурова С.А. – номзади илмҳои иқтисодй, иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва идоракунӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон,sulya_2809@rambler.ru

Қодирова М.М.магистранти бахши 2, ихтисоси иқтисодиёт ва идора дар корхона, кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва идоракунӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон,  mukhlisakhon99@gmail.com

 

Чакида

 

 Дар мақола муҳиммияти методии тадқиқоти ҷузъи кадрии амнияти иқтисодӣ ҳамчун яке аз механизмҳои асосии таҳияшавандаи корхона қайд карда мешавад. Таснифи усулҳои баҳодиҳии кадрҳо оварда шуда, моҳияти усулҳои маркази баҳодиҳии кадрҳо, таъсири иттилоотӣ-психологӣ ва арзёбии нишондиҳандаи интегралии амнияти иқтисодӣ баррасӣ шудааст. Барои таъмини амнияти иқтисодии корхона методикаи мутобиқшудаи арзёбии сиёсати кадрӣ пешниҳод карда мешавад. Гурӯҳҳои нишондиҳандаҳо ва муайянкунандаҳо барои арзёбии амнияти кадрӣ ва иқтисодӣ ташаккул ёфта, тавсифи мухтасари онҳо дода шудааст. Усулҳои ҳисоб, арзишҳои ҳадди ақал ва самтҳои оптимизатсияи нишондиҳандаҳои амнияти кадрӣ муайян карда мешаванд, ки аз рӯйи онҳо суръати ивазшавии кадрҳо, ҳиссаи хароҷоти таълим дар арзиши умумии кормандон, ҳиссаи музди меҳнат дар хароҷоти умумии корхона, мавҷуд будани касалиҳои касбй ва дараҷаи автоматикунонии меҳнат ба назар гирифта мешаванд. Нишондиҳандаи интегралии таъминоти бехатарии иқтисодии корхона тартиб дода шудааст. Афзалияти ақидаи пешниҳодшудаи мақола дар мувофиқати методикаи арзиши сиёсати кадрӣ ва имконияти истифодаи он дар ҳамаи корхонаҳо, мувофиқат дар ҳалли вазифаҳои дараҷаҳои мухталифи муфассал,имконияти интегратсия кардан дар системаи умумии таъмини бехатарии иқтисодии корхона ба ҳисоб меравад.

 

Калидвожаҳо

 

 амнияти иқтисодӣ, амнияти кадрӣ, корхона, сиёсати кадрӣ, баҳодиҳӣ, нишондиҳандаҳо, нишондиҳандаи интегралӣ, таркиб ва ҳаракати кадрҳо, шароити меҳнат

 

Таърихи нашр

2023-10-27