Муаллифон
Ҳаитова Н.Н. – аспирант, Донишкадаи иқтисодии шӯъбаи Уралии Академияи илмҳои Русия, Екатеринбург, Федератсияи Русия, nasiba13.89@mail.ru
Акбарова Н.А. – омӯзгор, кафедраи молия ва қарз, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С.Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, nasiba_abdurahimovna@mail.ru
Чакида
Дар мақолаи мазкур тартиби гузаронидани яке аз марҳилаҳои асоситарин ва самараноктарини раванди санҷиши андозӣ – таҳлили пешазсанҷишии андозсупорандагон дида баромада шудааст. Ин марҳилла аз ташаккули маҷмуаи маълумотҳо доир ба андозсупоранда оғоз гардида бо тартибдиҳӣ ва тасдиқи барномаи санҷиши андозӣ анҷом меёбад. Дар навбати худ, яке аз зинаҳои асосии таҳлили пешазсанҷишӣ ин интихоби объекти санҷиш дар асоси маълумотҳои мавҷуда доир ба андозсупоранда ба шумор меравад. Ба муаммоҳои мавҷудаи ин зина дар амалияи Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътимодии маълумотҳо доир ба андозсупоранда, мавҷуд набудани меъёрҳои мушаххас барои интихоби объекти санҷиш ва баҳодиҳии хароҷоти вақт барои гузаронидани санҷиши андозро дохил намудан мумкин аст. Чунин ҳолат оид ба набудани механизми ягонаи мукаммали интихоби андозсупоранда барои гузаронидани санҷишҳои андозӣ шаҳодат медиҳад. Муаммоҳои амалисозии таҳлили пешазсаниҷиширо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд, ба монанди беэътимодии маълумотҳо доир ба андозсупоранда, мавҷуд набудани меъёрҳои мушаххас барои интихоби объекти санҷиш ва мавҷуд набудани баҳодиҳии хароҷоти вақт барои гузаронидани санҷиши андоз. Аз ин лиҳоз, ҳамчун самти мукаммалгардонии таҳлили пешазсанҷишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон механизми интихоби андозсупоранда дар асоси меъёрҳои мушаххас пешниҳод карда мешавад. Он дар заминаи интихоби андозсупорандаи санҷишшаванда дар асоси меъёрҳои мустақили баҳодиҳии хавф ба роҳ монда мешавад.
Калидвожаҳо
назорати андозӣ, самаранокии назорат, санҷиши андозӣ, таҳлили пешазсанҷишӣ, андозсупорандагон, объекти санҷиш, барномаи санҷиш, хавфҳои андозӣ
Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда
- Айтхожина Г.С. Концептуальные основы формирования системы планирования налоговых проверок// – № 3 (43). – 2013. – URL: https://cyberleninka.ru/article/n/kontseptualnye-osnovy-formirovaniya-sistemy-planirovaniya-nalogovyh-proverok/viewer.
- Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2019, Душанбе, аз 3 декабри соли 2010. – №626.
- Богданкевич Е.В. Налоговый контроль в сегодняшних условиях развития налоговой системы // Финансы и кредит. №3 (387). URL: https://cyberleninka.ru/article/n/nalogovyy-kontrol-v-segodnyashnih-usloviyah-razvitiya-nalogovoy-sistemy/viewer.
- Дастурамал “Оид ба гузаронидани санҷишҳои андоз”, Душанбе, аз 01. 02. 2012. №3 – Ф. Низоми дастрасӣ: URL: https://andoz.tj/docs/instruksii/DasturamalSanjishAndoz.pdf.
- Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, 2012. URL: http://mmk.tj/content/кодекси-андози-ҷумҳурии-тоҷикистон.
- Михасева, Е.Н. Организация и методика проведения налоговых проверок: учебнометодическое пособие / Е.Н. Михасева; – Волгоград: Издательство Волгоградского института управления – филиала РАНХиГС, 2017.
- Нестеренко А.С. Организация и проведение выездной налоговой проверки: методические подоходы // Вестник Саратовского государственного социально-экономического университета, 2010. №4. – URL: https://cyberleninka.ru/article/n/organizatsiya-i-provedenie-vyezdnoy-nalogovoy-proverki-metodicheskie-podhody.
- Пансков В.Г. Налоги и налогообложение: теория и практика. М.: Юрайт, 2011.
- Сильвестрова Т.Я., Белогорская А.Н., Улыбина Л.В. Сущность, формы и методы налогового контроля в Российской Федерации: Монография. – Чебоксары: ЧКИ РУК, 2017 – 103 с.
- Чайковская Н.В. Модель и технология отбора налогоплательщиков для проведения мероприятий налогового контроля / Н.В. Чайковская // Информационные системы и технологии. – 2012. – №3. – URL: https://www.elibrary.ru/download/elibrary _17682761_13431527.pdf.
Таърихи нашр
2023-10-27