Муаллифон
Авезова М.М. – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳии техникии Тоҷикистон ба номи академик М.C. Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, avezova@rambler.ru
Очилова А.Н. – магистранти курси 2-уми кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳии техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, homidova.1999@mail.ru
Чакида
Дар мақола моҳият ва аҳамияти таҳлили стратегии ҷувзгирӣ барои воҳидҳои стратегии бизнес, меъёрҳои асосноккунии онҳо, ба монанди ҳиссаи нисбии бозор ва диққатҷалбкунандагии ин бозорҳо вобаста ба давраи ҳаётии соҳаҳо баррасӣ гардиданд. Муносибати лоиҳавӣ – ҷувзгирӣ ба асоснокнамоии сарчашмаҳои маблағгузории воҳидҳои стратегии афзалиятнок истифода гардид. Дар мисоли корхонаи саноатии вилояти Суғд оид ба истеҳсоли маҳсулоти ордӣ таҳлили ҷувзгирӣ гузаронида, муносибати лоиҳавӣ-ҷувзгирӣ татбиқ карда шуд. Самаранокии лоиҳаи сармоягузорӣ васоити нишондиҳандаҳои даромади софи дисконтӣ, индекси даромаднокӣ, коэффитсиенти самаранокии сармоягузорӣ ва харҷбарории лоиҳа арзёбӣ гардид. Таҳлил нишон дод, ки маҳсулоти орди корхона динамикаи истеҳсолӣ ва харидории бисёр хуб дорад, зеро ҳаҷми фурӯши маҳсулоташ дар давоми чанд соли охир нисбат ба рақобатчии наздиктарин зиёда аз се маротиба зиёд мебошад. Яъне он дорои афзалияти рақобатии арзишнок буда, талабот ба маҳсулот аз тарафи харидорони асосӣ басо баланд аст. Дар ин ҳолат қарори стратегӣ нисбат ба ояндаи ин маҳсулот асоснок карда шуд. Ду намуди маҳсулот: орд ва сабӯс ҳамчун воҳиди стратегии бизнес дида баромада мешаванд. Дар ин сурат фоида аз фурӯши сабус барои ба квадранти камолот гузаштани истеҳсоли орд равона гардида, даромади корхона баъди сармоягузорӣ ба бизнеси самаранокии нисбатан баланддошта зиёд мегардад. Асоснок карда шуд, ки самаранокии фаъолияти корхона бо истифодаи муносибати стратегии лоиҳавӣ – ҷувзгирӣ нисбатан баланд мебошад.
Калидвожаҳо
самара, самаранокӣ, лоиҳа, сармоягузорӣ, муносибати лоиҳавӣ-ҷувзгирӣ, корхонаи саноатӣ, суръати рушд, ҳиссаи нисбии бозор, матритсаи гурӯҳи бостонӣ, воҳиди стратегии бизнес
Таърихи нашр
2023-10-27