МАРҲИЛАҲОИ РУШДИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБИИ МОЛИЯВӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муаллифон

 

Бобоев М.У. – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи молия ва қарз, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон,CIPA, bmirzohayot@mail.ru

Ғайбуллоева Д.А. – ассистент, кафедраи молия ва қарз, Донишкадаи политехникииДонишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд,Ҷумҳурии Тоҷикистон, dilfuza8899g@gmail.com

 

Чакида

 

   Дар мақолаи мазкур таҳаввулоти рушди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисобот дар асоси таҳқиқоти олимони соҳа баррасӣ карда шудааст. Бо назардошти талаботи рушди муосири иқтисодиёт марҳилаҳои рушди низоми баҳисобгирии муҳосибии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи муаллифон муайян карда шуданд. Ба ақидаи муаллифон марҳилаҳои рушди баҳисобгирии муҳосибии молиявиро вобаста ба тараққиёти илму техника дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаш гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст. Инчунин қайд карда шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи панҷуми рушди баҳисобгирии муҳосибии молиявӣ қарор дорад ва он бо сифатҳои зерин шарҳ дода мешавад: истифодабарии барномаҳои автоматикии махсус дар пешбурди баҳисобгирӣ, фаъол гардидани таҳқиқоти илмӣ дар самти баҳисобгирии муҳосибӣ, ташаккул ва рушди таҷрибаи амалии муҳосибон доир ба таҳияи ҳисоботи молиявӣ. Аз тарафи муаллифон натиҷаҳои асосии рушди баҳисобгирии муҳосибии молиявӣ барои солҳои 2021-2030 пешгӯйӣ карда шуданд. Инчунин дар мақола навигариҳои асосии қонуни баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ номбар карда шуданд, ба монанди Консепсияи рушди баҳисобгирии муҳосибӣ барои давраи то соли 2030 ва гузариш ба Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ), ки мавқеи онҳо дар рушди низоми миллии баҳисобгирии муҳосибӣ қайд гардидааст. 

 

Калидвожаҳо

 

 баҳисобгирии муҳосибӣ, баҳисобгирии муҳосибии молиявӣ, ҳисоботи молиявӣ, марҳилаҳои рушд, консепсия, СБҲМ, автоматизатсия, барномаҳои автоматикии махсус, пешбурди баҳисобгирӣ

 

Рӯйхати адабиёти истифодашуда

 

  1. Агеева О.А. Институциональный подход к бухгалтерскому учету и отчетности: необходимость и возможность его применения на современном этапе развития науки // Вестник ГУУ. 2019. №5. С. 108-115. URL:https://www.elibrary.ru/download/elibrary_38096825_83794839
  2. Бобоев М.У. Рушди низоми баҳисобгирии муҳосибӣ дар шароити иқтисодиёти рақамӣ. Актуальные проблемы теории и практики бухгалтерского учета, анализа и аудита // Материалы VIII Международной научно-практической конференции (27-28 ноября 2020г., г. Душанбе). Под ред. к.э.н., доцента Шобекова М. – Душанбе: ОИПБА РТ, 2020. – 175 с.
  3. Бобоев М.У., Ғайбуллоева Д.А. Баҳисобгирии молиявӣ ҳамчун манбаи иттилоотии низоми менеҷменти молиявӣ // Паёми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон. – 2021. – №1(44). – С. 125-135. URL: https://www.elibrary.ru/download/elibrary_47244415_48414742
  4. Бобоев, М.У. Управленческие аспекты учета в легкой промышленности / М.У. Бобоев. – Душанбе: Ирфон, 2014. – 176 с.
  5. Калинина Г.В., Лучкова И.В. Современные аспекты развития бухгалтерского учета // Научный журнал-“Управленческий учет”. – 2021. – №6. С. 485-492. URL:https://uprav-uchet.ru/index.php/journal/article/view/674
  6. Клеткина, Ю.А. Этапы эволюции бухгалтерского учета и финансовой отчетности / Ю. А. Клеткина, В.М. Кругляков // Аудит и финансовый анализ. – 2014. – № 4. – С. 36-38. URL:https://auditfin.com/fin/2014/4/fin_2014_41_rus_02_08
  7. Соколов Я.В. История бухгалтерского учета [Текст]: учеб. / Я.В. Соколов, В.Я. Соколов. – 3-е изд., перераб. и доп. ‒ М.: Магистр, 2009. – 287 с.
  8. Эволюция бухгалтерского учета в докапиталистическом периоде развития экономики / О.В. Гудкова, Л.В. Ермакова, Н.Н. Ковалева, А.Э. Мельгуй // Фундаментальные исследования. – 2016. – № 12-5. – С. 1066-1070. URL: https://fundamental-research.ru/ru/article/view?id=41218

 

Таърихи нашр

2023-10-27