ТАЪМИНИ ЭЪТИМОДИЯТИ ШАБАКАҲОИ ТАҚСИМОТИИ ШИДДАТИ 10 КВ

Муаллифон

 

Тошходжаева М.И.номзади илмҳои техникӣ, дотсент, кафедраи таъминотибарқ ва автоматика, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, shukrona14_01_2011@mail.ru

Азимов Н.С.омӯзгори калон, кафедраи математикаи олӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, shukrona14_01_2011@mail.ru

 

Чакида

 

   Дар мақолаи мазкур масъалаи таъмини эътимодияти шабакаҳои тақсимотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта шудааст, ки дарозии он дар системаи таъминоти электрикии вилояти Сугд хеле назаррас аст. Тавсифоти хатҳои интиқоли барқи ҳавоӣ оварда шудааст. Омилҳои асосии ба эътимодияти шабакаҳои тақсимотӣ таъсиррасон тавсиф карда шуда, онҳо гурӯҳбандӣ карда шудаанд. Сохти хаттиҳои интиқоли барқи ҳавоӣ таҳлил карда шудааст. Маълумоти оморӣ оиди садамаҳои дар ҳар як элементҳои алоҳида дар тули даҳ соли ҳисоботӣ ва сабабҳои асоси корношоямшавии хатҳои интиқоли барқи ҳавоӣ   оварда шудааст. Басомади нисбии бавуҷудоии намудҳои гуногуни расиши кӯтоҳ дар шабакаҳои электрикӣ нишон дода таҳлил карда шудааст. Нишондиҳандаҳои этимодияти хатҳои интиқоли барқи ҳавоии шиддати 10 кВ тавсиф ва ҳисоб карда шудааст. Анвоҳои коршоямӣ ва корношоямӣ дар шабакаи электрикӣ тадқиқ карда шудааст. Ба сифати мисол эътимодияти хатти интиқоли барқи шиддати 10 кВ бидуни аппаратҳои коммутатсиони ва дорои аппаратҳои коммутатсионӣ таҳлил карда шудааст. Схемаи таъвизии эътимодият дар ҳарду ҳолат нишон дода шуда ва электроэнергияи интиқолнашуда дар шабакаҳои мазкур ҳисоб карда шудааст ва муқоиса карда шудаанд.

 

Калидвожаҳо

 

эътимодият, хатҳои интиқоли барқ, омилҳо, электроэнергия

 

Руйхати адабиёти истифодашуда

 

  1. Энергоэффективная технология передачи электрической энергии на напряжении 0,95 кВ /В.В. Князев // Электроэнергия: передача и распределение. – 2016. – №5. – С. 42–45.
  2. Тошходжаева М.И. Перспективы применения композиционных проводов в условиях резко континентального климата / М.И. Тошходжаева, А.А. Ходжиев // Международный технико-экономический журнал. – 2018. – № 1. – С. 91–97.
  3. Техническое перевооружение российских электрических сетей / Г.С. Боков// Новости электротехники. – 2002. – №2. – С. 32.
  4. Надёжность распределительных электрических сетей 6–10 кВ / А.А. Овчинников // Новости электротехники. – 2002. – №5. – 32 с.
  5. Тошходжаева М.И. Повышение надёжности ВЛЭП-110 кВ на стадии проектирования и эксплуатации / М.И. Тошходжаева, О.С. Рахимов, А.А. Ходжиев // Электрообрудование: эксплуатация и ремонт. – 2017. – № 3. – С. 47–49.

 

Таърихи нашр

2023-10-27