Муаллифон
Мирхолиқова Д.С. – омӯзгори калон, кафедраи таъминоти барқ ва автоматика, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осими, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, noza1010@mail.ru
Чакида
Дар мақолаи мазкур масъалаи баландбардории сифати электроэнергия, хусусан пастшавии шиддат бар бандакҳои муҳаррикҳои асинхронӣ дида баромада шудааст, оқибатҳои инҳирофи шиддат дар муҳаррик вобаста ба раванди технологӣ ва таъсири он ба маҳсулоти истеҳсолшаванда мавриди тадқиқ карор гирифта шудааст. Омилҳои ба инҳирофи шиддат таъсиркунанда таҳлил карда шудааст. Оқибатҳои инҳирофи шиддат дар мисоли муҳаррики навъи АИР160S2 тадқиқ карда шудааст. Басомади гардиши ротори муҳаррик вобаста аз шиддат нишон дода шудааст, ки ба намуди ҷадвал оварда шудааст. Динамикаи тағийрёбии басомади гардиши ротори муҳаррики асинхронӣ вобаста аз инҳирофи шиддат нишон дода шудааст. Мӯҳлати хизмати муҳаррик вобаста аз инҳирофи шиддат ҳисоб карда шудааст, ба намуди ҷадвал ва диаграмма оварда шудааст. Ошкор карда шуд, ки ҳангоми инҳрофи шиддат ба як фоиз, ҳафт фоиз муҳлати истифодаи муҳаррик кам мешавад. Инҳирофи шиддат аз қимати номиналӣ ба кори муҳаррик таъсири манфӣ мерасонад, ҳатто метавонад муҳлати хизмати онро кам намояд, инҳирофи манфии шиддат то 10 % ба кам муҳлати хизмати он ба 54,95% аз қимати номиналӣ оварда мерасонад.
Калидвожаҳо
инҳирофи шиддат, муҳаррики асинхронӣ, сифати электроэнергия, нишондодҳои меъёрӣ
Руйхати адабиётхои истифодашуда
- Ибрагимова Х.И. Влияние отклонений напряжения на работу электроприемников //Инновационные тенденции развития российской науки. – 2020. – С. 127-129.
- Сафонов Д.Г. и др. Влияние отклонения напряжения на потери мощности в электрооборудовании электрических сетей и потребителей //Омский научный вестник. – 2013. – №. 2 (120). – С. 203-206.
- Сафонов Д.Г., Долингер С.Ю. Учет дополнительных потерь мощности в электрооборудовании потребителей и систем электроснабжения при отклонениях напряжения // Современные проблемы науки и образования. – 2014. – №. 5. – С. 279-279.
- Токочакова Н.В., Колесник Ю.Н. Оптимизация уровней напряжения промышленных потребителей с целью снижения энергозатрат //Вестник Гомельского государственного технического университета им. П.О. Сухого. – 2001. – №. 3-4 (6). – С. 023-029.
- Шаров Ю.В. и др. Современное состояние электрических сетей Республики Таджикистан по качеству электрической энергии //Вестник Таджикского технического университета. – 2012. – №. 4. – С. 39.
Таърихи нашр
2023-10-27