Муаллифон
Каюмова С.А. – омӯзгори калон, кафедраи молия ва қарз, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, suraida@mail.ru
Чакида
Дар мақола натиҷаҳои тадқиқот оид ба арзёбии нишондиҳандаҳои интегралии рушди иҷтимоӣ – иқтисодӣ дар заминаи баланд бардоштани сифати ҳаёти аҳолӣ нисбати вилояти Суғди Тоҷикистон оварда шудаанд. Нишондиҳандаҳои интегралии сифати ҳаёти аҳолӣ ба се блок: потенсиали иқтисодии минтақа, сифати аҳолӣ ва некӯаҳволии аҳолӣ тақсим карда шуданд. Инчунин динамикаи нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ – иқтисодии вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020 ҳисоб карда шуда, арзёии нишондиҳандаи интегралии сифати ҳаёт гузаронида шудааст. Муайян карда шуд, ки нишондиҳандаи сатҳи зиндагии аҳолии вилояти Суғд нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баландтар аст, вале дар навбати худ чунин камбудиҳо низ вуҷуд доранд, ки барои ҳалли онҳо бояд тадбирҳо андешида шаванд. Аз таҳлил ва баҳодиҳии нишондиҳандаи интегралии сифати ҳаёти аҳолии вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида кардан мумкин аст, ки нишондиҳанди интегралии сифати ҳаёт дар вилоят нисбат ба ҷумҳурӣ ба 17 % баланд мебошад. Дар маҷмӯъ дар блоки иқтидори иқтисодии минтақа нишондиҳандаи рушди инноватсионӣ саҳми камтар дорад. Барои тараккӣ додани ин соҳа бояд қарорҳои таъҷилӣ ва чораҳо андешида шаванд. Қайд карда шудааст, ки барои расидан ба ҳадафи давлат доир ба баланд бардоштани сатҳ ва сифати ҳаёти аҳолӣ аз тарафи Ҳукумат ва мақомотҳои дахлдор саъю кӯшиш ба харҷ бурда мешавад.
Калидвожаҳо
рушди иҷтимоӣ – иқтисодӣ, минтақа, самти афзалиятнок, баҳодиҳӣ, нишондиҳандаи интегралӣ, сифати ҳаёти аҳолӣ, сатҳи ҳаёт, потенсиали иқтисодии минтақа, некӯаҳволии аҳолӣ
Рӯйхати адабиёти истифодашуда
- Авезова М.М., Насимова М.А. Методические подходы к оценке инвестиционной привлекательности региональной экономики. Научно-теоретический журнал «Вестник ТГУПБП» (Вестник Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики). Серия общественных наук. – 2016. – №3 (1). – С. 34-43
- Голотова А.С., Деревянкина В.К. Методика оценки социально – экономического развития региона. Научный журнал Белгородского государственного национального исследовательского университета. – 2018.- С. 333-337.
- Қаюмова С.А. Асосноккунии методии арзёбии сатҳи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии минтақа дар заминаи сифати ҳаёти аҳолӣ/ Научный журнал «Вестник ТГУПБП» серия общественных наук. – 2019. -№ 3. – С. 69 – 80.
- Омори солонаи вилояти Суғд – 2021. Бахшида ба 30 солагии истиқлолияти давлатӣ. Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷичистон дар вилояти Суғд. Хуҷанд. 744 саҳ
- Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2021. Бахшида ба 30 солагии истиқлолияти давлатӣ. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷичистон. Душанбе. 702 саҳ.
Таърихи нашр
2023-10-27