КОРКАРДИ АЛГОРИТМИ АМАЛИ ИСТГОҲИ ИДОРАКУНӢ БАРОИ СОХТИ МОБИЛИИ ЗАРЯДДИҲИИ НАҚЛИЁТИ ЭЛЕКТРИКӢ

Муаллифон

 

Сафин А.Р. – доктори илмҳои техникӣ, профессори кафедраи таъминоти барқи корхонаҳои саноатӣ, Донишгоҳи энергетикии Қазон, ҷумҳурии Тотористон, Россия, sarkazan@bk.ru

Тсветков А.Н. – номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи таъминоти барқи корхонаҳои саноатӣ, Донишгоҳи энергетикии Қазон, ҷумҳурии Тотористон, Россия, tsvetkov9@mail.ru

Грачева Е.И. – доктори илмҳои техникӣ, профессори кафедраи таъминоти барқи  корхонаҳои саноатӣ, Донишгоҳи энергетикии Қазон, ҷумҳурии Тотористон, Россия,

grachieva.i@bk.ru

Петров Т.И. – номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи таъминоти барқи корхонаҳои саноатӣ, Донишгоҳи энергетикии Қазон, ҷумҳурии Тотористон, Россия, tobac15@mail.ru

 

Чакида

 

  Дар мақолаи мазкур коркарди алгоритми истгоҳи идоракунӣ барои таҷҳизоти мобилии пуриқтидор, ки барои заряднок намудани нақлиёти электрикии дорои системаи ҷамъкунии энергияи интегронишуда дида баромада шудааст. Таҷҳизот барои баланд бардоштани мухторияти электромобилҳо ва таъмини амали мӯътадил ва устувори онҳо аз системаҳои таъминоти барқи гайримутамарказ ва гайрианъанавӣ, ки ба таври худмухтор ё дар таркиби системаи электроэнергетикӣ амал пешбинӣ шудааст. Қобили қайд аст, ки элементи муҳими ин тақҳизот системаи идоракунӣ мебошад, ки анвои корӣ, ҳарорати гармшавии батареяҳо, ҳарорат дар дохили контейнерро назорат мекунад. Ин система инчунин ба амали таҷҳизоти коммутатсионӣ ва элементҳои оташнишонӣ ҷавобгар мебошад. Яъне амали садамавии миқдори зиёди аккумуляторҳо (дар таҷҳизоти мазкур миқдори онҳо 1200 дона) ба оқибатҳои вазнин сабабгор мешавад. Пешниҳод карда мешавад, ки барои бунёди системаи идоракунии таҷҳизоти мобилии заряддиҳии нақлиёти элекрикӣ, сар аввал бояд алгоритми амали истгоҳи идоракунӣ коркард карда шавад, ки амали ҳамаи элементҳоро назорат мебарад. Дар ин ҳолат оператор метавонад дилхоҳ маълумотро ба даст овард ва ба таври дасти системаро идора намояд. Алгоритми пешниҳодшаванда ба таври осон дар барномаи идоракунии асосӣ амалӣ карда мешавад. Таъиноти алгоритм  ин ташаккули маълумотҳо, ки ба таври веб−формаи стандартии контроллер мебошад. Ба нишондиҳандаҳои асосие, ки ба аккумулятор интиқол дода мешавад инҳо шомиланд:шиддат, қувваи ҷараён ҳарорат, инчунин миқдори аккумуляторҳои васлшуда

 

Калидвожаҳо

 таҷҳизоти мобилии зарядиҳии нақлиёти электрикӣ, истгоҳи идоракунӣ, таъминоти барномавӣ, назорат ва идоракунӣ