Муаллифон
Воҳидов А.Ҷ. – омӯзгори калон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, aybjon_88@mail.ru
Чакида
Дар мақола таҳлили мукаммали реҷаҳои кории энергосистемаи пойгоҳҳои обкашии калониқтидор, ки барои обтаъминкунии заминҳои кишоварзӣ хизмат мекунанд, гузаронида шуд. Сабабҳои асосии аз кор мондани дастгоҳҳои барқии пойгоҳҳои обкашӣ муайян карда шудаанд. Аниқ карда шуд, ки аз ҳама реҷаи кории вазнин барои энергосистемаи пойгоҳҳои обкашӣ, реҷаи бакорандозии агрегатҳои обкашӣ ба ҳисоб меравад, ки дар ин вақт зиёдшавии назарраси ҷараён ва иқтидор дар муҳаррики электрикӣ дида мешавад. Ҷараёнҳои бакорандозӣ, пеш аз ҳама ба ҳолати техникии симпечҳои муҳаррики насосҳо таъсири манфӣ мерасонанд ва хатари афзудани садамаҳо дар пойгоҳ мешавад. Ба ғайр аз ин дар мақола оид ба омилҳои асосии ба устувории энергосистемаи пойгоҳҳои обкашӣ таъсиркунанда таҳқиқот иҷро карда шудааст. Дар рафти таҳқиқот таъсироти манфии назарраси реҷаҳои бакорандозии муҳаррикҳои электрикӣ муайян карда шуд, ки онҳо афтиши шиддатро ба вуҷуд меоранд. Афтиши шиддат, ки аз ҳисоби бакорандозии муҳаррикҳои электрикии калониқтидор пайдо шудааст, ба кори агрегатҳои дар паҳлӯ насб буда таъсир мерасонад, ҳатто ба агрегатҳои пойгоҳҳои обкашии дар масофаи дур ҷойгирифта таъсири манфии худро мерасонад. Чунин ҳолат талаб мекунад, ки масъалаи мувофиқати электромагнитии истеъмолкунандагони нерӯи барқ дар энергосистемаи маҷмӯаҳои ирригатсионӣ, таҳлили мукаммалтар доир ба самтҳои таъсироти байниҳамдигарӣ ба равандҳои техникӣ ва технологии пойгоҳҳои обкашӣ, гузаронида шавад.
Калидвожаҳо
пойгоҳи обкашӣ, муҳаррики синхронӣ, афтиши шиддат, реҷаи бакорандозӣ, устувории энергосистема
Таърихи нашр
2023-10-28