ВАЗЪИ МУОСИР, ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ ВА САМТХОИ ПЕРСПЕКТИВИИ РУШДИ ЭЛЕКТРОЭНЕРГЕТИКАИ ТОЧИКИСТОН

Муаллифон

 

Авезов А.Ҳ.доктори илми иқтисод, профессор, кафедраи иқтисодиёти муҳандисӣ ва менеҷмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, azizullo@businessconsulting.tj

 

Чакида

 

 Дар мақола вазъи кунунӣ, вазифаҳои асосӣ ва самтҳои ояндадори рушди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Ин чиҳатҳои электроэнергетика барои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон аҳамияти калони илмй ва амалӣ доранд. Дар шароити истиқлолият иқтидори энергетикаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мавзўи таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва рақобати қудратҳои ҷаҳонӣ, аз қабили Ҷумхурии мардумии Чин, ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва ғайра табдил ёфтааст. Дар ин шароит барои кишварҳои минтақа муҳим аст, ки стратегияи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои энергетикиро дар дарозмуддат дуруст муайян кунанд. Дар мақола вазъияти муосири низоми электроэнергетикаи Тоҷикистон тавсиф карда шудааст. Дар алоҳидагӣ, захираҳо ва ҳолати истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсиф карда мешаванд. Хусусиятҳо ва параметрҳои шабакаҳои барқии магистралӣ ва тақсимотӣ, сохтори муосири истеъмоли қувваи барқ оварда шудаанд. Хусусиятхои фарқкунандаи электроэнергетика аз дигар соҳаҳои хоҷагии халқ нишон дода шудаанд. Вазифаҳои асосии саноати электроэнергетикаи Тоҷикистон, ки халли таъхирнопазир ва самтҳои рушди саноати электроэнергетикаи Тоҷикистонро талаб мекунанд, муайян карда шудаанд. Дар хотима зикр гардид, ки ҳалли вазифаҳои дар назди соҳаи электроэнергетикаи кишвар гузошташуда ва татбиқи самтҳои ояндадори рушд ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд ноил гардида, иқтисод ва некӯаҳволии мардумро, дар асоси рушди устувори иқтисодиёт, таҳким бахшад.

 

Калидвожаҳо

 

электроэнергетикаи Тоҷикистон, хусусиятҳои истеҳсоли барқ, вазифаҳои асосии рушд, самтҳои ояндадор, манбаъҳои барқароршавандаи энергия

 

Таърихи нашр

2023-10-28