ТИҶОРАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муаллифон

 

Рахимов М. – PhD докторант, кафедраи барномарези, Донишгоҳи Давлвтии Хуҷандба номи академик Б. Ғафуров, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, r-murtazohon@mail.ru

Сайдуллаев У.Ӯ.номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедра, кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ, Донишгоҳи Давлвтии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, saidullaev_umed@mail.ru

 

Чакида

 

  Мақола ба омӯзиши рушди тиҷорати электронӣ ва дурнамои он дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Қайд шудааст, ки тиҷорати электронӣ барои бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, яке аз самтҳои ояндадори рушди иқтисодист. Дар мақола таърифҳои мавҷудаи мафҳуми тиҷорати электронӣ, моҳият ва таърихи ташаккули он баҳо дода шудааст. Нақши тиҷорати электронӣ дар ҷаҳони муосир мавриди таҳлил қарор гирифта, дурнамои рушд дар ояндаи наздик шарҳ дода шудааст. Маводи васеи назариявӣ оид ба тиҷорати электронӣ, рушди намудҳои он тавассути шабакаҳои Интернет ва ҷаҳонишавии он омӯхта шудааст. Инчунин мафҳуми тиҷорати электронӣ, пайдоиш ва аҳамияти он дар ҷаҳони муосир таҳқиқ гардидааст. Тарафҳои мусбат ва манфии ин зуҳурот баррасӣ шудааст. Муаммоҳои рушди тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст. Технологияҳои идоракунии раванди тиҷорати электронӣ таҳлил карда шудаанд, ки барои баланд бардоштани ҳаҷми фурӯши молҳо хеле муҳим арзёбӣ мешаванд. Ҳамчунин, робитаи тиҷорати электронӣ бо соҳибкорӣ омӯхта шуда, таъсири объекти омӯхташаванда ба рушди соҳибкорӣ таҳлил карда шудааст. Таъсири технологияҳои муосир ба тиҷорати электронӣ баррасӣ гашта, занҷири ҳаракати молҳо, хизматрасониҳо ва пул таҳлил карда шудааст.

 

Калидвожаҳо

 

иқтисодиёт, коммуникатсия, технологияҳои идоракунӣ, тиҷорати электронӣ, Интернет, бозор, дурнамоии рушд

 

Таърихи нашр

2023-10-28