Муаллифон
Авезов А.Х. – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, кафедраи иқтисодиёти муҳандисӣва идоракунӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, azizullo@businessconsulting.tj
Аюбов А.Н. – докторанти PhD, Маркази илмии Академияи Илмҳои Тоҷикистондар шаҳри Хуҷанд, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ayubjon_1994@mail.ru
Аҳмедова М.А. – магистрант, кафедраи иқтисодиёти муҳандисӣ ва идоракунӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, bukhodurova98@gmail.com
Чакида
Дар мақола асосҳои назариявӣ ва ҷанбаҳои амалии ташаккули имкони-ятҳои инноватсионии корхонаҳои саноатӣ баррасӣ мегарданд. Муаллифон аҳамияти омӯзиши ин масъала барои рушди фаъолияти инноватсионӣ ва рақобатпазирии корхо-наҳоро қайд мекунанд. Қайд карда мешавад, ки дар адабиёти иқтисодӣ осори зиёде аз муаллифони хориҷӣ ва ватанӣ вуҷуд доранд, ки аҳамияти омӯзиши ин падидаро ошкор месозанд. Бо вуҷуди ин, марҳилаҳои ташаккули имкониятҳои инноватсионӣ ва усулҳои арзёбии он ҳанӯз кофӣ омӯхта нашудаанд. Ин бо он шарҳ дода мешавад, ки сатҳи рушди фаъолияти инноватсионӣ дар ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ нокифоя аст. Мақсади мақола нишон додани марҳилаҳои ташаккул ва усулҳои арзёбии имкониятҳои инноватси-онӣ дар корхонаи саноатӣ мебошад. Таърифи имкониятҳои инноватсионии корхонаи саноатӣ ҳамчун маҷмӯи захираҳои гуногун ва салоҳиятҳо барои амалӣ намудани фаъоли-яти инноватсионӣ дода мешавад. Се ҷузъи асосии имкониятҳо ҷудо карда мешаванд:захиравӣ, дохилӣ ва самаранок. Ҷузъҳои таркибии ҷузъи захиравӣ муфассал баррасӣ ме-гарданд: моддӣ-техникӣ, иттилоотӣ, молиявӣ, захираҳои инсонӣ. Нақши онҳо ва алоқамандии байниҳамдигарӣ дар ташаккули имкониятҳои инноватсионӣ таҳлил карда мешавад. Муаллифон марҳилаҳои ташаккули имкониятҳои инноватсиониро дар чорчӯбаи татбиқи лоиҳаи инноватсионӣ дар корхонаи саноатӣ муайян ва пешниҳод менамоянд. Нақшаи блокии раванди ташаккули имкониятҳо оварда шудааст.
Калидвожаҳо
нерӯи инноватсионӣ, марҳилаҳои ташаккули нерӯи инноватсионӣ, ҷузъҳои асосии нерӯи инноватсионӣ, раванди ташаккули имкониятҳо, ҷузъҳои таркибии ҷузъи захиравӣ
Таърихи нашр
2023-10-28