ОМИЛҲОИ РУШДИ СОҲАИ САНОАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муаллифон

 

Шокиров Р.С. – доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент, кафедраи молия ва қарз, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, shokirovravshan@mail.ru

Сатторов Ш.А.ассистент, кафедраи молия ва қарз, Донишкадаи Политехникии донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ш.Хуҷанд,Ҷумҳурии Тоҷикистон, sharifjon.com@mail.ru

 

Чакида

 

 Пешрафти соҳаи саноат ин сарчашмаи калидиест ба рушди иқтисодиёт, хоҳ дар сатҳи минтақа бошад ва ё дар сатҳи давлат. Бобати мавзӯъ миқдори зиёди тадқиқотҳои олимони ватанӣ, хориҷии дур ва наздик омӯхта шуданд. Инчунин ҳолати соҳаи саноат дар сатҳи ҷумҳурӣ мухтасар оварда шуда, камбудиҳои он мувофиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қайд шудааст. Баъд аз он, ҳолати кунунии иқтисодиёти вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Ҳангоми нишон додани ҳолати имрузаи иқтисодии минтақа чунин нишондиҳандаҳои асосӣ таҳлил шудаанд: маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ), ҳиссаи

  • дар ҳаҷми  умумии  маҷмӯи  маҳсулоти  дохилӣ  (МУД),  шумораи  аҳолии  вилоят,
  • ба ҳар сари аҳолӣ, даромади буҷети маҳаллӣ, ҳаҷми сармоягузории мустақим, ҳаҷми миёнаи савдои чакана, динамикаи гардиши савдои беруна (содирот, воридот), шумораи корхонаҳо, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ, шумораи миёнаи солонаи кормандони саноатию истеҳсолӣ, суръати афзоиши ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ. Омилҳое, ки ба тараққиёти соҳаи саноати минтақа таъсир мерасонанд оварда шуда, нақши онҳо дар рушди соҳаи мазкур нишон дода шудааст. Чунин омилҳои асосии таъсиррасон мадди назари муаллифон шудааст: иқтисодӣ, институтсионалӣ, илмӣ – техникӣ, ҷуғрофӣ, демографӣ. Таҳлили омили иқтисодӣ муайян намуд, ки аксарияти коргоҳе, ки ҳамчун нуқтаҳои рушди иқтисодӣ қайд шудаанд, ин корхонаҳои бомуваффақият фаъолият менамуда ва аз ҷиҳати молиявӣ худро таъмин карда метавонанд. Таҳқиқот нишон дод, ки муҳити мавҷудаи институтсионалӣ ба рушди соҳаи саноат ва умуман иқтисодиёти вилояти Суғд таъсири мусбӣ мерасонад, вале бо назардошти талаботи замони муосир эҳтиёҷ ба такмил дорад. Муҳимияти прогресси илмӣ – техникӣ фаҳмонида шудааст. Дар омили ҷуғрофӣ ҷойгиршавии манфиатбахши вилояти Суғд фаҳмонида шудааст. Чун медонем, бе омили демографӣ ягон соҳа пеш рафта наметавонад, ин масъала низ таҳти муҳокима қарор дода шудааст. Таъсири ҳар як омил алоҳида қайд шуда, таҳлил шудааст. Аҳамияти хоса зоҳир намудан ба омилҳои асосӣ, ки ба пешрафти соҳаи саноати минтақа таъсири калон мерасонад, ба рушди соҳаи мазкур сабаб мегардад ва ин ба рушди иқтисодиёти минтақа оварда мерасонад.

 

 

Калидвожаҳо

 

 омилҳои рушд, соҳаи саноат, омилҳои иқтисодӣ, омилҳои институтсионалӣ, омилҳои илмӣ – техникӣ, омилҳои ҷуғрофӣ, омилҳои демографӣ, иқтисоди минтақа, вилояти Суғд, Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда

 

  1. Авезов А.Х. Экономическая устойчивость развития региона: сущность и основные понятия. Вестник Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики. Серия гуманитарных наук. 2013. № 3. С. 64.
  1. Акрамова З.Б., Турсунова Ш.Т. Анализ факторов формирования и развития человеческого потенциала экономики Согдийской области Таджикистана // Вестник ПИТТУ имени академика М.С. Осими. 2022. № 2 (23). С. 111-121.,URL: https://www.elibrary.ru/download/elibrary_50180772_57656991.pdf
  1. Ашуров И.С., Ғуломносирова Ф.М., Асоев М.М. Таҳлили вазъи инфрасохтори соҳаи саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон // Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз. 2021. № 4 (76).
  • 111-123., URL: https://elibrary.ru/download/elibrary_48039205_46534707.pdf
  1. Колмыкова О.Н., Кудрявцева Т.В. Научно-технический прогресс как фактор повышения уровня жизни населения // Социально-экономические явления и процессы.
  2. 5-6                   (27-28).                   С.                   127-129.,                   URL:

https://www.elibrary.ru/download/elibrary_17064990_47394387.pdf

  1. Маҷмўаи омори вилояти Суғд. Тоҷикистон: 30 соли Истиқлолияти давлатӣ. Сарраёсати агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Хуҷанд, 2022. С. 8 – 12.
  2. Назаров А.А. Региональные особенности формирования и развития предпринимательства // Вестник Таджикского государственного университета права,бизнеса         и          политики.         2012.                   1          (49).         С.           56-67.,         URL:https://www.elibrary.ru/download/elibrary_17736649_24989144.pdf
  3. Насимова М.А., Авезова М.М. Методологические и практические аспекты определения полюсов развития и точек роста в региональной экономике. В сборнике: Россия в XXI веке: глобальные вызовы и перспективы развития. Материалы Восьмого Международного форума. 2019. С. 92-98.
  4. Национальная стратегия развития Республики Таджикистана на период до2030 г., 2016 г., С. 9, 28.
  5. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 23.12.2022 с., URL: https://mort.tj/
  6. Ризоқулов Т.Р., Қурбонова Ш.Х. Омилҳои институтсиалӣ дар шароити муосир: давлат ва нақши он дар иқтисодиёти вилояти Суғд // Ахбори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон. Силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ. 2021. №(86). С. 66-74.,
  7. URL: https://www.elibrary.ru/download/elibrary_45841850_82464120.pdf 11. Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд –реҷаи дастрасӣ URL: www.sugd.tj
  8. Хайитбаева Н.А. Региональная экономика Согдийской области и её место в экономике страны // Вестник Таджикского государственного университета права,бизнеса         и          политики.         2010.                   3          (43).         С.           55-63.,         URL:https://elibrary.ru/download/elibrary_16700101_20825326.pdf
  9. Шабнам А., Шарипова М., Нурова Б. Роль промышленности в развитии экономики // Вестник Технологического университета Таджикистана. 2019. № 4 (39). С. 64-77., URL: https://elibrary.ru/download/elibrary_43813978_34475839.pdf

 

Таърихи нашр

2023-10-28