Муаллифон
Қаюмова М.Х. – муаллимаи кафедра, кафедраи назарияи иқтисодӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, ш.Хучанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, myhayohon@mail.ru
Чакида
Мақола ба масъалаи мубрами диверсификатсияи истеҳсолоти саноатӣ дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Ҷанбаҳои гуногуни диверсификатсия, аз ҷумла иқтисодӣ, технологӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ мегарданд. Аҳамияти диверсификатсия барои баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва модернизатсияи истеҳсолоти кӯҳнашуда дар саноати минтақа таъкид карда мешавад. Экскурси мухтасари таърихӣ оид ба инкишофи саноати Тоҷикистон ва вилояти Суғд дар давраи Шӯравӣ ва пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 90-ум оварда мешавад. Қайд карда мешавад, ки дар давраи Шӯравӣ саноати ҷумҳурӣ сохтори диверсификатсияшудаи бисёрсоҳавиро дошт, ки дар солҳои 90-ум дар раванди ислоҳоти бозорӣ аз даст рафта буд. Ба назар гирифтани нокифояи масъалаҳои диверсификатсия ва модернизатсияи саноат аз тарафи мақомоти ҳокимият дар ҳолати муосир қайд карда мешавад. Ишора ба он меравад, ки барои ҳалли ин раванди мураккаб ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди Авруосиё қобили қабул мебошад. Чунки барои инкишофи саноати минтақаҳои Тоҷикистон азхудкунии технологияҳои нави истеҳсолӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли номгӯи васеи молҳои саноатӣ чорабиниҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб мераванд. Ҳамчун заминаи устувори инкишофи соҳаҳои саноатии минтақа, диверсификатсияи сохтории соҳаҳои саноатӣ метавонад ба пешрафти минбаъдаи саноати вилояти Суғд мусоидат намояд. Хулоса оид ба зарурияти мутобиқгардонии мувозинатшудаи механизмҳои бозорӣ ва танзими давлатӣ барои амалӣ намудани бомуваффақияти диверсификатсияи истеҳсолоти саноатӣ дар минтақа бароварда мешавад.
Калидвожаҳо
сиёсати саноат, диверсификатсия, истеҳсол, стратегия, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, рақобатпазирӣ, минтақа, маҳсулоти саноатӣ
Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда
- Авезов А.Х. Экономическая устойчивость развития региона: сущность и основные понятия. Вестник Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики. Серия гуманитарных наук. 2013. № 3. С. 64.
- Алиджанов Д.А. Диверсификация производства потребительских товаров как условие обеспечения импортозамещающего экономического роста. // Вестник «Таджи-кистан и современный мир» № 3 (51) Центр стратегических исследований при Прези-денте Республики Таджикистанн. Душанбе, 2016. – С. 150-159.
- Алиджанов Д.А. Диверсификация производства потребительских товаров как условие обеспечения импортозамещающего экономического роста. // Центр
стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан Вестник «Таджикистан и современный мир» № 3 (51) 2016. С. 150-159.
- Алиджанов Д.А., Алиджанова С.А. Рафъи оқибатҳои пастравии трансформатсионӣ ва ҳадафҳои афзалиятноки тараққиёти минбаъдаи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон. // Ахбори ДДХБСТ 4 (77), 2018. Хуҷанд 2018. С. 5-13.
- Макаров А.В., Гарифуллин А.Р. Диверсификация как инструмент развития современного предприятия // Известия УрГЭУ №1 (27) 2010. Екатеринбург, 2010.-С. 27-36.
- Народное хозяйство Таджикской ССР в 1986 году. Душанбе, Ирфон, 1987. С. 46.
- Промышленность Таджикистана за годы государственной независимости. Коллективная монография; НАНТ, Институт экономики и демографии. / Под общей редакцией Рахимзода Ш. – Душанбе: Дониш, 2021. – 677с. С. 171.
Таърихи нашр
2023-10-28