ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ПАСТ НАМУДАНИ ТАЛАФИ ЭЛЕКТРОЭНЕРГИЯ ДАР ШАБАКАҲОИ ТАҚСИМОТИИ ШАҲРӢ

Муаллифон

 

Раҳимов О.С. – номзади илмҳои техникӣ, дотсент, и.в. профессори кафедраитаъминоти барқ ва автоматика, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон,rahimov_o_1948@mail.ru

Ҷӯраев М.М. – магистранти курси 2 ихтисоси 1-43 01 03 – Таъмини барқ, Донишкадаиполитехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ,ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, muhsin0799@mail.ru

Каландаров Ҳ.У. – номзади илмҳои техникӣ, и.в. дотсенти кафедраи таъминоти барқва автоматика, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистонба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, huseinjon.86@mail.ru

 

Чакида

 

 Дар мақола тадбирҳо оид ба коҳиш додани зарароти нерӯи барқ дар шабакаҳои тақсимотии шаҳрӣ баррасӣ карда мешаванд. Коҳиш додани зарароти нерӯи барқ дар шабакаҳои тақсимотӣ барои ҳамаи минтақаҳое, ки камбудии нерӯи барқдоранд, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд, масъалаи мубрам мебошад. Дар алоқамандӣ бо зиёд шудани истеъмолкунандагони нерӯи барқ, дар шабакаи тақсимотии 6-10 кВ қисми чапканори шаҳри Хуҷанд зарароти нерӯи барқ дар ин қисмат хеле баланд аст. Муқарраркарда шудааст, ки шабакаи тақсимотӣ бо волтажи 6 кВ 80% ва шабака бо волтажи 10 кВ 20%-ро ташкил медиҳад, аз ин рӯ коҳиш додани зарароти нерӯи барқ дар ин соҳа масъалаи мубрам ва саривақтӣ мебошад. Тадбирҳо оид ба коҳиш додани зарароти нерӯи барқ ва самаранокии иқтисодии татбиқи тадбирҳо пешниҳод карда шудаанд. Дар кор усулҳои ҳисобӣ барои муайян кардани борҳои барқӣ, барои таҳлили низоми минтақавии таъминот бо барқ ва коркарди нақшаи нави тақсимот, усули муқоисавӣ, инчунин барои муайян кардани самаранокии иқтисодии ҷорӣ намудани тадбирҳо оид ба коҳиш додани сатҳи зарароти нерӯи барқ дар шабакаҳои барқии шаҳрӣ, усули техникӣ-иқтисодӣ истифода мешаванд. Муаллифон ба хулосае меоянд, ки дар қисми чапканори шаҳри Хуҷанд шабакаҳои тақсимотии синфҳои гуногуни волтаж истифода мешаванд. Ҳисоби самаранокии иқтисодӣ аз ҷорӣ намудани шабакаи тақсимотии такмилёфта 121,5 ҳазор сомонӣ дар як солро ташкил медиҳад. Татбиқи чорабиниҳо оид ба коҳиш додани зарароти нерӯи барқ, дар амал самаранокии иқтисодии баланди истифодабарии низоми таъминот бо барқро таъмин менамояд.

 

Калидвожаҳо

 

шабакаи тақсимотӣ, электроэнергия, тақсимот, талафи иқтидор,чорабиниҳои техникӣ, чорабиниҳои ташкилӣ.

 

Таърихи нашр

2023-10-30