Муаллифон
Тошходжаева М.И. – номзади илмҳои техникӣ, иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи таъминоти барқ ва автоматикаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистонshukrona14_01_2011@mail.ru
Чакида
Дар мақола сабабҳо ва тарзи ҳисоби маблаггузорӣ ба хатҳои интиқоли барқи ҳавоӣ бо назардошти хусусиятҳои ҷоийгиршавии онҳо оварда шуданд. Аз ҷумла зиёд шудани истеъмоли нерӯи барқ дар шабакаҳои таъминотӣ ва тақсимотӣ боиси зиёд шудани қувваи ҷараён дар ноқилҳо мегардад, ки ин омилҳо ба эътимодияти таъминоти барқ, андозаҳои талафоти иқтидор ва электроэнергия ва, инчунин, сифати он таъсири манфӣ мерасонад. Ҳангоми паст шудани нишондиҳандаҳои эътимодият ва талафи иқтидор ва электроэнергия дар шабакаҳои баландшиддати таъминотӣ ва тақсимотӣ аз кор мондани таҷҳизотҳои қуввагӣ ва таваққуфи амалӣ иншоотҳои муҳим ба назар мерасанд. Мақсади асосии маблағгузорӣ барои таҷдиди хатҳои интиқоли барқ шарҳ дода шудааст. Чӣ тавре, ки таҳлили таҷрибаи ҷаҳонии истифодаи ноқилҳои насли нав нишон дод, ивази ноқилҳои истифодашаванда ба ноқилҳои композитсионии дорои меҳвари овезиши хурд, имконияти баланд бардоштани ҷараёни дарозмуддати имконпазир дар ноқил дар шароитҳои якхеларо фароҳам меорад. Истифодабарии тӯлонӣ дар ҳароратҳои баланд бидуни тагийрёбии хосиятҳои механикӣ ва электрофизикавӣ имконияти паст намудани муқовиматҳои ноқилҳоро фароҳам меорад. Инчунин ташкилдиҳандаҳои асосии хароҷоти капиталӣ бо арзишҳои элементҳои хати интиқоли барқӣ ҳавоӣ, маблаггузорӣ барои сохтмон ва васлу насб нишон дода шуда, талафоти иқтидор ва электроэнергия, вақти миёнаи барқароршавӣ, параметри селаи садамаҳо барои ҳар як вариантҳо ҳангоми истифодабарӣ ҳисоб карда шуд. Аз таҳлил бармеояд, ки ҳарчанд маблаггузорӣ ба ноқилҳои насли нав нисбати ноқили анъанавӣ калон бошад ҳам, аммо талафоти иқтидор, талафоти электроэнергия дар ин намуди ноқилҳо кам аст. Натиҷаи таҳқиқот нишон дод, ки дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи ноқилҳои насли нав ба баландшавии эътимодияти системаи таъминоти барқ, кам шудани талафоти электроэнергия ва хуб гаштани қобилияти хатҳои интиқоли барқи ҳавоӣ мусоидат менамояд. Ҳангоми зина ба зина ҷорӣ намудани технолгияи нав паст шудани сатҳи талафот аз як тараф, аз тарафи дигар таъмини истеъмолкунандагон бо нерӯи барқи баландсифат роҳандозӣ хоҳад шуд.
Калидвожаҳо
маблаггузорӣ, хатти интиқоли барқ, ноқил, талафот, шабака, эътимодият, электроэнергия, талафи иқтидор, талафи электроэнергия
Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда
- Авезова М.М., Рахимов О.С., Тошходжаева М.И. Повышение надежности энергосистемы региона в контексте реконструкции ВЛЭП-110 кв: техническо-экономическое обоснование // Вестник Казанского государственного энергетического университета. 2020. Т. 12. № 4 (48). С. 62-72.
- Авезова М.М., Хомидова М.И. Методология оценки эффективности функционирования электроэнергетической производственной инфраструктуры региона. Международный научный журнал. 2020. № 5. С. 51-63.
- Берент В.Я. Физико-механические свойства и эксплуатационные характеристики токосъемных элементов нового поколения //Вестник научно-исследовательского института железнодорожного транспорта. – 2012. – №. 6. – С. 42-49.
- Иневатова О.А., Матушкин Е.Ф. Проблемы и перспективы использования капитальных вложений в энергетике //Тенденции развития науки и образования. – 2021. – №. 69-2. – С. 21-24.
- Тошходжаева М.И. Применение высокотемпературных композиционных проводов в условиях резко континентального климата //Вестник ПИТТУ имени академика МС Осими. – 2017. – №. 1. – С. 30-35.
- Тошходжаева М.И., Сравнительный анализ механических свойств традиционных и высокотемпературных проводов ВЛЭП-110 кВ// Известия Тульского государственного университета. Технические науки. 2017. № 3. С. 169-175.
- Хребтенко И.С., Грушкин А.Н., Новикова О.В. Проблемы оценки эффективности инвестиционных проектов в энергетике //Неделя науки СПбПУ. – 2018. – С. 572-574.
- Gracheva E., Toshkhodzhaeva M., Rahimov O., Dadabaev S., Mirkhalikova D., Ilyashenko S., Frolov V. Мodeling the reliability of high-voltage power transmission lines taking into account the influence of the parameters of a sharply continental climate// International Journal of Technology. 2020. Т. 11. № 8. С. 1557-1569.
Таърихи нашр
2023-10-30