ҲАРАКАТОВАРИ ЭЛЕКТРИИ АСИНХРОНИИ ЭНЕРГИЯСАРФАКУНАНДАИ ҲАРАКАТИ ЛАППАНДА
Муаллифон
Чакида
Дар макола масъалаи ба вучуд овардани ҳаракатовари электрии асинхро- нии энергиясарфакунандаи харакати лаппанда (баргарданда-чархзананда) мухокима карда мешавад. Муаллифон қайд мекунанд, ки маъмулан барои сохтани ин гуна ҳарака- товарҳо редуктори механикӣ ё таъвизаки полярии фазаҳои таъминкунандаи шиддат истифода мешаванд, ки ин боиси талафоти иқтидор ва зарбаҳои электромеханикӣ дар лаҳзаи баръакс мегардад. Пешниҳод карда мешавад, ки принсипи кори реҷаи автолаппиши гиреҳи электромеханикии қуввагии «муҳаррики асинхронӣ-унсури чандир» истифода шавад. Нақшаҳои васли симпечҳои статор барои эҷоди моменти максималӣ нишон дода шудаанд. Ба сифати унсури чандир истифодаи на маятник ё номутавозунӣ, балки системаи барқароркунии энергия дар шабака тавсия дода мешавад, ки самаранокии насбро аз ҳисоби баргардонидани энергияи боздорӣ зиёд мекунад. Чунин низом гардиши нарми баръаксро бидуни зарбаҳои электромеханикӣ, инчунин имконияти танзими чандири параметрҳои ҳаракати лаппандаро таъмин мекунад. Хулоса карда шуд, ки ҳаракатовари электрикии асинхронии ҳаракати лаппанда дар асоси реҷаи автолаппиш ва низоми барқарорсозии энергия самаранокии энергияро дар қиёс бо схемаҳои анъанавӣ бо редукторҳои механикӣ ё таъвизаки полярӣ беҳтар мегардонад. Истифодаи барқароркунӣ ба ҷои маятник талафоти энергияро аз сабаби номутавозунии механикӣ бартараф месозад. Нақшаи пешниҳодшудаи васли симпечҳои статор моменти максималии оғози муҳаррики асинхрониро таъмин мекунад.
Калидвожаҳо
Ҳаракатовари электрии асинхронӣ, ҳаракати лаппанда, ҳаракатовари электрии асинхронии энергиясарфакунанда, реҷаи автолаппиш, гардиши баръакси нарм.
Таърихи нашр
2026-03-21