НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ОВОЗИИ КОМПЮТЕР

Муаллифон

Ашурова Шабнам Нурруллоевнаомӯзгори калони кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, Донишкадаи политехнкии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, sh.nurulloevna@gmail.com Cолиева Меҳрангез Толибовнадокторанти PhD, кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, smehrangez92@gmail.com

Чакида

Дар мақола усулҳои ташкили низоми шинохти худкори нутқ бо истифодаи якҷояи шабакаҳои нейронӣ ва амсилаҳои махфии Марков асос ёфтаанд, баррасӣ карда мешавад. Низоми гибридии пешниҳодшуда, ки аз амсилаи шабакаҳои нейронӣ ва амсилаҳои махфии Марков (НС/СММ) иборатанд, шабакаи сунъии нейронро барои таҳлили овоз ва амсилаҳои Марковро барои шинохти забон истифода мебаранд. Назорати овозӣ ва имконияти истифодаи он дар компютерҳои шахсӣ яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад. Дар он алгоритмҳои асосии шинохти нутқ таҳлил карда мешаванд. Таҳия ва сохтани низомҳои самараноки шинохти нутқ ва назорати овозӣ мушкилоти муҳиме мебошад. Зеро истифодаи онҳо асоси интерфейси пурраи овозиро ташкил медиҳад, ки имкониятҳои истифодаи он хеле васеанд. Яке аз роҳи босамар ин истифодаи низоми гибридӣ, ки шабакаҳои нейронӣ (НС) ва амсилаи махфии Марков (СММ)-ро дар бар мегиранд, ба шумор меравад. Ин равандҳои номбаршуда хусусиятҳои ҳарду усулро ҳамҷоя менамояд. Шабакаҳои нейронӣ барои дақиқтар муайян кардани овоз ва амсилаи махфии Марков барои коркарди пайдарпайии овоз ва нигоҳ доштани тартиби дурусти калимаҳо ёрӣ мерасонад.

Калидвожаҳо

шинохти худкори нутқ, амсилаи махфии Марков, шабакаҳои нейронӣ, низоми шинохт, воситаҳои компютерӣ, идораи овозӣ, фармонҳои овозӣ.

Рўйхати адабиётҳои истифодашуда

1. Кравченко, К.В. Автоматизированная система голосового русскоязычного управления операционной системой Windows / К.B. Кравченко, Р.А. Дьяченко // Современные проблемы науки и образования. – 2014. – No 3.

2. Как управлять компьютером при помощи голосовых команд? [Электронный ресурс]. Режим доступа: URL: http://nastroyvse.ru/programs/ review/upravlenie-kompyuterom-s-pomoshhyu-golosa.html. – [Cанаи муроҷиат: 05.02.2025].

3. Мақсудов А.Т., Худойбердиев Х.А,, Солиева М.Т. Оид ба низоми шинохти худкори калимаҳои калидӣ дар рафти нутқи гуфтуҷӯӣ. Паёми политехникӣ//Бахши интеллект, инноватсия, инвеститсия. ISSN 2520-2235, 2(66)-2024.

4. Самые совершенные программы управления голосом [Электронный pecypc] URL::https://www.gkh11.ru/news/samye_sovershennye_programmy_upravlenija_golosom/2016-01-28-1770. – [Cанаи муроҷиат 01.02.2025].

5. Управление голосом и жестами на компьютере [Электронный ресурс]. – Режим доступа: URL: https://bursin.ru/upravlenie-golosom-i-zheslami-na-kompyutere/. – [Cанаи муроҷиат: 05.01.2025].


Таърихи нашр

2026-03-25