ТАҲҚИҚОТИ ТАЪСИРИ МУТАҚОБИЛИ ФУРӮРАВИИ ШИДДАТ ВА МУҲАРРИКҲОИ АСИНХРОНИИ КАЛОНИҚТИДОР ДАР РЕҶАИ КОРАНДОЗӢ

Муаллифон

Дадобоев Шаҳбоз Толибҷоновичномзади илмҳои техникӣ, омӯзгори калони кафедраи таъминоти барқ ва автоматика, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, shahbozdadoboev@mail.ru

Чакида

Кори илмӣ ба тадқиқоти таъсири мутақобили фурӯравии шиддат дар шабака ва реҷаи корандозии муҳаррикҳои асинхронии калониқтидор равона карда шудааст. Реҷаи корандозии муҳаррикҳои асинхронии калониқтидор хеле вазнин мегузарад, зеро ки дар ин реҷа равандҳои гузарандаи мураккаб дида мешаванд. Одатан бузургиҳои дар равандҳои гузарандаи муҳаррикҳои электрикӣ ба назаргиранда ҷараёни электрикӣ, моменти электромагнитӣ ва суръати даврзании муҳаррик ба ҳисоб меравад. Реҷаи корандозӣ бо равандҳои гузарандаи вазнин ба низоми таъминоти барқ низ таъсири манфӣ мерасонад. Яке аз чунин таъсироти манфӣ, ин ҳосил шудани фурӯравии шиддат дар шабака ба ҳисоб меравад. Фурӯравии шиддат дар шабака дар навбати худ ба истеъмолкунандагони нерӯи барқ таъсири манфӣ мерасонад, махсусан барои муҳаррикҳои асинхронӣ. Дар муҳаррикҳои асинхронӣ вобастагии моменти электромагнитӣ аз шиддати электрикӣ квадратӣ мебошад. Бо назардошти ин омил, масъалаи корандозии муҳаррики асинхронӣ модоми қиматҳои гуногуни шиддати боқимонда дар шабака таҳлил карда шуд. Дар мақола таъсири реҷаи корандозии мустақими муҳаррики асинхронӣ ба шабака низ таҳлил шуда, натиҷаҳо бо намуди графикҳои оммафаҳм оварда шудаанд.

Калидвожаҳо

фурӯравии шиддат, муҳаррики асинхронӣ, корандозии мустақим, тавсифи механикӣ, раванди гузаранда, ҷараёни корандозӣ.

Рўйхати адабиётҳои истифодашуда

1. Дадобоев Ш. Т. Коркарди чорабиниҳо барои баланд бардоштани захираи техникии таҷҳизоти барқӣ дар пойгоҳҳои обкашии калониқтидор / Ш. Т. Дадобоев // Вестник ПИТТУ имени академика М.С. Осими. – 2023. – No. 2(27). – P. 47-58. – EDN ELQSQL.

2. Дадобоев Ш. Т. Равандҳои гузариш дар системаи энергетикии станцияи обёрӣ ҳангоми пайваст намудани бевоситаи агрегатҳои калониқтидор / Ш. Т. Дадобоев, А. Ҷ. Воҳидов // Вестник ПИТТУ имени академика М.С. Осими. – 2024. – No. 1(30). – P. 38-45. – EDN UAWOUP.

3. Дадобоев Ш. Т. Тадқиқоти равандҳои гузарандаи системаи энергетики модоми корандозии мунтазами агрегатҳои обкаши калониқтидор / Ш. Т. Дадобоев, М. Е. Комилова // Вестник ПИТТУ имени академика М.С. Осими. – 2024. – No. 2(31). – P. 45-53. – EDN DKHLOW.

4. Дадабаев Ш. Т., Е. И. Грачева, И. Р. Каримов, С. Валтчев Исследование пусковых режимов асинхронных двигателей при низком качестве электроэнергии питающей сети / // Вестник Казанского государственного энергетического университета. – 2021. – Т. 13, № 1(49). – С. 3-15. – EDN OOZYKS.

5. Калинин, А.Г. Исследование и разработка энергоэффективных режимов электроприводов в системах электроснабжения: специальность 05.09.03 “Электротехнические комплексы и системы”: диссертация на соискание ученой степени кандидата технических наук / Калинин Алексей Германович. – Чебоксары, 2011. – 137 с.

6. Карташев, И.И. Анализ провалов напряжения в электрических сетях 110-220 кВ / И.И. Карташев, А.В. Плакида, Н.К. Хромышев // Электричество. – 2005. – № 4. – С. 2-8.

7. Шепелин, В. Ф. Пусковые режимы синхронных двигателей с тяжелыми условиями пуска / В. Ф. Шепелин, Н. В. Донской, Б. С. Федоров // Электротехника. – 2006. – №2. – С. 34-40.

8. Шпиганович, А.Н. Провалы напряжения в электрических системах предприятий / А.Н. Шпиганович, И.С. Муров // Национальная Ассоциация Ученых. – 2015. – № 2-4(7). – С. 6-7.


Таърихи нашр

2026-03-25