АРЗЁБИИ ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНИИ КОРХОНАИ САНОАТӢ

Муаллифон

Авезов Азизулло Ҳабибовичдоктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, azizullo@businessconsulting.tj Далерзода Мисриёхонмагистранти курси 2, ихтисоси иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхона, кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, misriyadalerzoda@gmail.com

Чакида

Дар мақола натиҷаи арзёбии ҳамаҷонибаи фаъолияти инноватсионии корхонаи саноатӣ оварда шудааст. Зарурати таҳқиқот аз он иборат аст, ки дар шароити афзоиши рақобати бозорӣ, маҳдудияти захираҳо ва суръатёбии раванди рушди технология, эҳтиёҷ ба тақвияти фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи соҳибкории хурд беш аз пеш афзоиш меёбад. Ҳангоми таҳқиқот, таъсири омилҳои муҳити дохилӣ ва берунӣ ба фаъолияти инноватсионии корхонаи саноатӣ бо дарназардошти нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва арзёбиҳои мутахассисони соҳа мавриди таҳлил қарор дода шуд. Ин равиш имконият фароҳам овард, то ба ҳолати низоми инноватсионӣ ба таври ҳамаҷониба ва воқеъбинона баҳо дода шавад. Бо ҳадафи баланд бардоштани дақиқии таҳлил, ба арзёбиҳои мутахассисони соҳа коэффитсиентҳои вазнӣ дода шуданд, ки ин имкон фароҳам овард, то онҳоро дар як модели ягона муттаҳид намоянд. Таҳқиқот нишон дод, ки ташаккули низоми инноватсионии корхонаи саноатӣ воқеъ дар вилояти Суғд дар бахши нонпазӣ ба таври марҳилавӣ сурат гирифта, ибтидо аз рушди заминаи истеҳсолӣ-технологӣ оғоз ёфта, минбаъд бо таҳкими иқтидори кадрӣ ва захираҳои молиявӣ ба таври мунтазам густариш ёфтааст. Раванди мазкур ифодаи равшани модели ташаккули “аз поён ба боло” мебошад, ки дар он инфрасохтори техникӣ нақши заминавии ташкили фаъолияти инноватсионӣ ва густариши минбаъдаи онро дошт. Натиҷаҳои бадастомада метавонанд барои таҳияи стратегияҳои рушди корхонаҳои саноатӣ, такмили сиёсати инноватсионӣ ва дастгирии давлатии соҳибкории хурду миёна истифода шаванд. Методика ҳамзамон воситаи арзёбӣ ва назорати мунтазами нерӯи инноватсионӣ дар шароити муҳити тағйирёбанда мебошад.

Калидвожаҳо

фаъолияти инноватсионӣ, корхонаи саноатӣ, арзёбӣ, нерӯи инноватсионӣ, коэффитсиентҳои вазнӣ, бахшҳои низоми инноватсионӣ, шохиси фаъолияти инноватсионӣ, зершохиси инфиродӣ, шохиси умумӣ.

Таърихи нашр

2026-03-25