РАВИШҲОИ МЕТОДӢ БА АРЗЁБИИ РАҚОБАТПАЗИРИИ КОРХОНАҲОИ АЛОҚАИ МОБИЛИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

Муаллифон

Раҳимӣ Шаҳлономзади илмҳои иқтисодӣ, омӯзгори калон, кафедраи иқтисоди муҳандсӣ ва менеҷмент, ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ,ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, rahimishahlo@mail.ru    Ибрагимова Шаҳзодахон Иномҷоновнадонишҷӯи курси 4-уми ихтисоси менеҷмент, самти маркетинг, факултети мактаби олии идоракунӣ, Донишгоҳи молиявии назди ҳукумати Федератсияи Русия, rahimishahlo@mail.ru

Чакида

Мақолаи мазкур ба таҳқиқ ва муқоисаи равишҳои мавҷуда нисбати арзёбии сатҳи рақобатпазирии корхонаҳо бахшида шудааст. Дар асоси таҳлили адабиёт ва корҳои илмии муаллифон, усулҳо барои арзёбии сатҳи рақобатпазирии корхона бо ҷиҳати мазмунӣ муайян шудаанд, яъне аз нуқтаи назари манбаи рақобатпазирӣ, ки байни онҳо: усули маҳсулотӣ, матритсавӣ, амалиётӣ, комбиниронӣ, арзишӣ ва динамикиро метавон номбар кард. Таҳлили афзалият ва камбудиҳои ин усулҳо гузаронида шудааст, ки дар асоси он усули динамикӣ барои арзёбии рақобатпазирии корхона интихоб гардидааст. Бартарияти усули динамикӣ ин соддагии усул, дастрасии иттилооти зарурӣ дар асоси ҳисоботи оммавӣ мебошад, ки аҳамияти амалии усулро ба таври назаррас баланд мебардорад, инчунин таҳлили фаъолияти корхона дар статика ва динамика мебошад. Ғайр аз ин, ба бартарияти усули динамикӣ метавон универсалии онро шомил кард, зеро вобаста ба ҳадафҳои таҳлил ва маълумоти дастрас, ҳар гуна ҳаҷм ва таркиби корхонаҳои рақибро ташаккул додан мумкин аст. Арзёбии рақобатпазирии ҷамъияти саҳҳомии оммавии (ҶСО) «Вимпел-Коммуникатсия» (Билайн) дар қиёс бо рақобатчӣ – ҶСО «Мобильные ТелеСистемы» (МТС) дар динамика, аз ҷумла тавассути ҳисоб кардани коэффитсиентҳои самаранокии амалиётӣ, мавқеъгирии стратегӣ ва вазъи молиявии корхона гузаронида шуд, ки барои мақоми рақобатии онро муайян кардан имконият фароҳам меорад.

Калидвожаҳо

рақобатпазирии корхона, равишҳо, арзёбии рақобатпазирии корхона, нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, коэффитсиенти рақобатпазирӣ, самаранокии амалиётӣ, мавқеъгирии стратегӣ, вазъияти молиявӣ.

Таърихи нашр

2026-03-25