АЛГОРИТМИ ҲИСОБИ ЭЪТИМОДНОКИИ СХЕМАҲОИ ТАЪМИНОТИ БАРҚ БО ИСТИФОДА АЗ КОЭФФИСИЕНТҲОИ ҲАМВАСЛӢ

Муаллифон

Петрова Рената Маратовнааспирант, кафедраи таъминоти барқи корхонаҳои саноатӣ, Донишгоҳи давлатии энергетикии Қазон, ш. Қазон, Русия, 1998renata@mail.ru
Грачева Елена Ивановнадоктори илмҳои техникӣ, профессори кафедра, кафедраи таъмини нерӯи барқи корхонаҳои саноатӣ, Донишгоҳи давлатии энергетикии Қазон, ш.Қазон, Русия, grachieva.i@bk.ru

Чакида

Дар мақола усули содакунии пешгӯӣ намудани параметрҳои эътимоднокӣ ва арзёбии вазъи техникии гиреҳҳои масъулиятноки низомҳои таъминоти барқ бо ёрии коэффисиентҳои ҳамваслӣ пешниҳод шудааст. Мақсади тадқиқот таҳияи усули муайян намудани имконияти кори бебозистии схемаи таъминоти барқ бо ёрии коэффисиентҳои констант мебошад. Мавод ва усулҳо. Нақшаи таъминоти барқи дохили сех 10/0,4 кВ пешниҳод шудааст. Усулҳои эҳтимолии муайян намудани эътимоднокӣ ва омори математикӣ истифода шудаанд. Натиҷаи тадқиқот. Ҳисоби эҳтимолияти кори бебозистӣ дар вақт бо истифода аз қонунҳои экспоненсиалии тақсимот анҷом дода шудааст. Реҷаҳои вобастагии эҳтимолияти вақти кори бебозистии низом аз шумораи пайвастшавии сарборӣ ва инчунин реҷаҳои тағйирёбии нишондодҳои коэффисиентҳои ҳамваслӣ дар вақт пешниҳод шудаанд. Формулаҳои коэффисиентҳои ҳамваслии сарборӣ вобаста аз шумораи ҳамваслӣ гирифта шудаанд. Ифодаҳои аналитикии ҳосилшуда имкон медиҳанд, ки қиматҳоро дар шароити ҳамваслии иловагии имконпазири сарборӣ амсиласозӣ карда шаванд. Вобастагиҳои ҳосилшуда имконият фароҳам меоранд, ки эҳтимолияти вақти кори бебозистии таҷҳизоти барқии пастволта ва схемаи таъминоти барқи дохили сех муайян карда шаванд. Хулоса. Усули пешниҳодшуда пешгӯии параметрҳои эътимоднокии схемаи тақсимоти барқи дохили сех ва арзёбии вазъи техникии гиреҳҳои нисбатан масъулиятноки онро осон мекунад. Қиматҳои моделсозишудаи коэффисиентҳои ҳамваслии сарборӣ метавонанд дар ҳисоби техникӣ-иқтисодӣ, махсусан барои афзоиши минбаъдаи шумораи хатҳои баромад аз шкаф ва нуқтаи тақсимотӣ ё афзоиши сарборӣ бар хат бо назардошти эҳтимолияти кори бебозистии схема истифода шаванд. Натиҷаи тадқиқот барои арзёбии нишондодҳои техникӣ ва муайян кардани параметрҳои асосии эътимоднокии низомҳои истифодашавандаи таъминоти барқи дохили корхона пешниҳод карда шудааст.

Калидвожаҳо

низоми таъминоти барқи дохили сех, эҳтимолияти маҳдудияти вақти кори бебозистӣ, нуқтаи тақсимотӣ, коэффисиенти ҳамваслӣ.

Таърихи нашр

2026-03-27