ТАЪСИРИ САМАРАНОКӢ ВА ШАФФОФИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ ХАЗИНАДОРӢ БА ПАРДОХТПАЗИРИИ МОЛИЯВИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муаллифон

Акбарова Н.А. ассистент, кафедраи молия ва қарз, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, nasiba-abdurahimovna @mail.ru

Чакида

Дар мақолаи мазкур нақш ва мақоми низоми хазинадорӣ дар сохтори молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст. Хазинадорӣ низоми махсус ташкилкардашудаи молиявӣ буда, иҷроиши тамоми уҳдадориҳои молиявиро дар зимма дорад. Дар замони муосир он ҳамчун фишанги асосӣ дар иҷроиши ҷараёни буҷетӣ баромад намуда, ба яке аз низомҳои пурсамари молиявӣ мубаддал гардида истодааст. Нақш ва мақоми низоми хазинадорӣ дар молияи ҳар як давлат босазо мебошад, зеро вазифаҳои асосии хазинадорӣ дар асоси уҳдадориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат ташкил карда шуда, моҳияти асосии фаъолият ба самти ваколатҳои молиявии давлатӣ равона карда шудааст. Аз ин лиҳоз такмил ва баланд кардани сатҳи самаранокии хазинадорӣ яке аз мақсадҳои асосии молиявӣ ба ҳисоб рафта, роҳҳои рушд ва мукаммал гардонидани фаъолияти он ба яке аз масъалаҳои муҳими молиявии мамлакат дохил мешаванд. Дар тадқиқот таъсири фаъолияти самараноки фаъолияти хазинадорӣ ба пардохтпазирии молиявии давлат исбот карда шудааст. Даромад, хароҷот ва касри буҷет дар даҳсолаи охир таҳлил карда шуда суръати рушди он шарҳ дода мешавад. Инчунин дар асоси таҳлили буҷет сабабҳои паст ва сари вақт ҷамъ нагардидани маблағ муайян карда шуд, сабаби дар коҳиш қарор доштани пардохтпазирии давлат тавсиф ёфта шуд. Муаммоҳое, ки вобаста ба омилҳои дохилӣ ва берунӣ дар низоми хазинадорӣ мавҷуданд, муаяйян карда шуда, фикру тавсияҳои олимони хориҷӣ доир ба ин муаммоҳо оварда шуданд. Инчунин, дар асоси ин тавсияҳо доир ба муаммоҳои муайяншуда пешниҳоди илмӣ дода шуда, роҳҳои пешгирӣ ва такмили низоми хазинадорӣ вобаста ба ин муаммоҳо тавсия гардиданд.

Калидвожаҳо

хазинадорӣ, самаранокӣ, шаффофият, суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ, даромад, хароҷоти буҷет, макросамаранокӣ, норасогии воситаҳои пулӣ, барзиёдии воситаҳои пулӣ, асбобҳои молиявӣ.

Рўйхати адабиётҳои истифодашуда

1. Бобоев М.У., Акбарова Н.А. Ҳолати муосир ва дурнамои рушди низоми хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистон // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ. – 2022.-№8.- 358с.

2. Бриль Д. В.Новации в развитии Федерального казначейства // Финансовый журнал. 2012. №2. URL: https://cyberleninka.ru/article/n/novatsii-v-razvitii-federalnogo-kaznacheystva. Дата обращения: 20.02.2023.

3. Богославцева Л.В. Проблемы управления ликвидностью единого казначейского счета на современном этапе // Финансовые исследования. 2014. №4 (45). URL: https://cyberleninka.ru/article/n/problemy-upravleniya-likvidnostyu-edinogo-kaznacheyskogo-scheta-na-sovremennom-etape (дата обращения: 14.06.2023). Дата обращения: 20.02.2023.

4. Демидов А.Ю. «Повышение эффиктивности и результативности функционирования органов исполнительной власти России (на примере Федерального казначейства) автореферат дис… доктор экономических наук. Гос. акад. Инноваций. Москва, 2009. с: 22-25

5. Резинкин М.А. Развитие казначейской системы исполнения бюджетов России: автореферат дис … кандидат экономических наук: 08.00.10./ Саратов 2013URL:http://www.dissercat.com/content/razvitie-kaznacheiskoi-sistemy-ispolneniya-byudzhetov-v-rossii#ixzz3wel1ddVa4. Дата обращения: 23.03.2023.

6. Ткаченко Р.В. Правовые механизмы управления временно свободными средствами федерального бюджета. Вестник университета имени О.Е.Кутафина. 2018 (9), с:55-65.

7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи хазинадорӣ” аз 2 январи соли 2020, № 1674, ш. Душанбе //http://mmk.tj.


Таърихи нашр

2026-03-28