ТАДҚИҚОТИ РАВАНДҲОИ ГУЗАРАНДА ДАР ҲАРАКАТОВАРҲОИ ЭЛЕКТРИКИИ ПУРИҚТИДОР БО УСУЛИ МОДЕЛИРОНИИ КОМПЮТЕРӢ
Муаллифон
Чакида
Мақола ба тадқиқоти равандҳои гузаранда дар ҳаракатоварҳои электрикии пойгоҳи обкашӣ бо назардошти низоми таъминоти барқ ва бо ин мақсад истифодаи усули моделиронии компютерӣ, бахшида шудааст. Усули моделиронии компютерӣ як қатор беҳбудиҳои ба худ хос дорад, ки интихоб ва истифодаи онро дар вақти тадқиқот мақсаднок мекунад. Бо истифода аз ин усул модели компютерии ҳаракатовари электрикии пуриқтидор коркард карда шудааст, ки он барои тадқиқоти равандҳои гузаранда дар вақти корандозии мустақим хизмат мекунад. Рафти моделиронӣ бо таҳлили қисмҳои ҳаракатовари электрикӣ, низоми таъминоти барқи пойгоҳи обкашӣ ва ҳисоби бузургиҳои онҳо иҷро карда мешавад. Ба навгонии илмии мақола истифодаи усули моделиронии компютерӣ барои тадқиқоти реҷаҳои гузаранда дар ҳаракатовари электрикӣ ва коркарди модели компютерии он дохил намудан мумкин аст. Хусусияти фарқкунандаи модели коркардшуда дар он аст, ки бо он якҷоя равандҳои гузарандаи ҳаракатовари электрикӣ ва шабакаи таъминоти барқ таҳлилу таҳқиқ кардан мумкин аст. Бо воситаи модел инчунин нишондиҳандаҳои асосии ҳаракатовари электрикӣ, ба монанди суръат, моменти электромагнитӣ ва ҷараёни электрикии симпечҳои муҳаррики синхронӣ таҳлил ва санҷида мешаванд. Натиҷаҳои бадастомада имкон медиҳанд, ки равандҳо дар реҷаҳои гузарандаи ҳаракатовари электрикӣ таҳлил гардида, бо назардошти он чораҳо барои бартараф намудани таъсироти манфии реҷаҳои гузаранда андешида шаванд.
Калидвожаҳо
муҳаррики синхронӣ, ҳаракатовари электрикӣ, пойгоҳи обкашӣ, низоми таъминоти барқ, корандозии мустақим, MATLAB.
Рўйхати адабиётҳои истифодашуда
1. Герман-Галкин С.Г. Компьютерное моделирование полупроводниковых систем в MATLAB 6.0: Учебное пособие. – СПб.: КОРОНА принт, 2002. – 320 с., ил.
2. Дадабаев, Ш. Т. Исследование эффективности пуска высоковольтных синхронных электродвигателей при помощи инвертора тока / Ш. Т. Дадабаев // Известия Тульского государственного университета. Технические науки. – 2018. – № 10. – С. 618-621. – EDN YRBJKP.
3. Дадобоев, Ш. Т. Асосноккунии техникӣ-иқтисодии татбиқи системаҳои корандози мунтазам барои муҳаррикҳои электрикии калониқтидор / Ш. Т. Дадобоев, И. Р. Каримов // Вестник ПИТТУ имени академика М.С. Осими. – 2023. – No. 4(29). – P. 42-50. – EDN MGEJXE.
4. Дадобоев, Ш. Т. Тадқиқоти равандҳои гузарандаи системаи энергетики модоми корандозии мунтазами агрегатҳои обкаши калониқтидор / Ш. Т. Дадобоев, М. Е. Комилова // Вестник ПИТТУ имени академика М.С. Осими. – 2024. – No. 2(31). – P. 45-53. – EDN DKHLOW.
5. Дадобоев, Ш. Т. Коркарди чорабиниҳо барои баланд бардоштани захираи техникии таҷҳизоти барқӣ дар пойгоҳҳои обкашии калониқтидор / Ш. Т. Дадобоев // Вестник ПИТТУ имени академика М.С. Осими. – 2023. – No. 2(27). – P. 47-58. – EDN ELQSQL.
6. Дадобоев, Ш. Т. Равандҳои гузариш дар системаи энергетикии станцияи обёрӣ ҳангоми пайваст намудани бевоситаи агрегатҳои калониқтидор / Ш. Т. Дадобоев, А. Ҷ. Воҳидов // Вестник ПИТТУ имени академика М.С. Осими. – 2024. – No. 1(30). – P. 38-45. – EDN UAWOUP.
7. Нейман, З. Б. Крупные вертикальные электродвигатели переменного тока / З. Б. Нейман, В. З. Пекне, Л. С. Моз. – Москва : Энергия, 1974. – 376 с.
8. Шепелин, В. Ф. Пусковые режимы синхронных двигателей с тяжелыми условиями пуска / В. Ф. Шепелин, Н. В. Донской, Б. С. Федоров // Электротехника. – 2006. – №2. – С. 34-40.
9. Zimmermann, J. A. Starting requirements and effects of large synchronous motors / J. A. Zimmermann, T. A. Hauck // IEEE Transactions on Industry and General Applications. – 1969. – Vol. IGA-5. – No. 2. – P. 169-175, doi: 10.1109/TIGA.1969.4181008.
Таърихи нашр
2026-03-30