САМАРАНОКИИ ТАТБИҚИ ИННОВАТСИЯИ МАҲСУЛОТӢ ДАР КОРХОНАИ БИСЁРСОҲАВИИ МИНТАҚА
Муаллифон
Чакида
Дар мақола масъалаҳои мубрами муайян намудани мафҳумҳои “инноватсия” ва “фаъолияти инноватсионӣ” дар корхонаҳо, нишонаҳои мавҷудияти он, киомилҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот дар корхона мебошанд, баррасӣ шудаанд. Раванди таъсис ва ҷорӣ намудани ғояҳо, технологияҳо, маҳсулот ё хизматрасониҳои нав барои баланд бардоштани рақобатпазирии корхона асоснок мегардад, ки ба рушди инноватсияи маҳсулотӣ мусоидат мекунад. Вобастагии байни мавқеи рақобатӣ, самаранокии фаъолияти корхона ва нерӯи инноватсионии он таҳлил шудааст. Ҳангоми асосноккунии самаранокии ҷорикунии маҳсулоти инноватсионӣ усули муайян намудани ҳиссаи фоизӣ истифода шудааст. Масоили ҷорӣ намудани инноватсияи маҳсулотӣ ва самаранокии истифодаи он дар мисоли корхонаҳои «Фаровон» ва «Нури Ховар» дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд баррасӣ шудааст. Натиҷаи таҳлил нишон медиҳад, ки фоида аз фурӯши маҳсулоти инноватсионӣ тамоюли афзоиши устувор ва дар фоидаи умумии корхонаҳо ҳиссаи назаррас дорад. Арзёбии таъсири фаъолияти инноватсионӣ ба самаранокии умумии корхона нишон медиҳад, ки фоида аз ҳисоби истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти инноватсионӣ мунтазам меафзояд, муштариёни нав ҷалб мегарданд, ҳаҷми фурӯш зиёд гашта, имкони баромадан ба бозори хориҷӣ пайдо мешавад. Ҷорӣ намудани маҳсулоти инноватсионӣ ба бозор ба корхонаҳо имкон дод, ки мавқеи худро мустаҳкам намоянд ва талаботро ба ин маҳсулот афзоиш диҳанд.
Калидвожаҳо
инноватсия, фаъолияти инноватсионӣ, корхона, инноватсияи маҳсулотӣ, самаранокӣ, рақобатпазирӣ, бозор.
Таърихи нашр
2026-03-30