АЛГОРИТМҲОИ ГЕНЕРАТСИЯИ БУЗУРГИҲОИ ТАСОДУФӢ
Муаллифон
Чакида
Алгоритмҳои генеративӣ яке аз самтҳои ба таври динамикӣ инкишофёбандаи соҳаи зеҳни сунъӣ мебошанд. Генератсия ва ҷустуҷӯи матн, тасвирҳо ва видеоҳо дар эҷоди мундариҷа ба воситаҳои нисбатан маъмули кӯмак табдил ёфтаанд. Дар солҳои охир омӯзиши алгоритмҳои омӯзиши мошинӣ бо истифода аз маҷмӯаҳои калони додаҳо яке аз вазифаҳои асосии илм ва амалияи муосир гардидааст. Бо вуҷуди ин, дар як қатор соҳаҳо дастрасӣ ба маҷмӯаҳои воқеан калон маҳдуд ё ғайриимкон аст, ки ин ба махфият, хароҷоти баланди ҷамъоварии иттилоот ё нодир будани рӯйдодҳо вобаста аст. Дар чунин ҳолатҳо генератсияи додаҳои синтетикӣ аҳамияти хос пайдо мекунад ва имконияти аугментатсия, моделсозӣ ва гузаронидани таҷрибаҳоро бе хатар ба ошкоршавии маълумоти шахсӣ таъмин менамояд. Роҳҳои муосири кор бо додаҳои синтетикӣ ҳам ба равишҳои оморӣ барои генератсияи тағйирёбандаҳои тасодуфӣ ва ҳам ба моделҳои пешрафтаи генеративӣ, мисли автоэнкодерҳои вариатсионӣ (VAE), шабакаҳои генеративӣ-мусобиқавӣ (GAN) ва моделҳои диффузионӣ такя мекунанд, ки дақиқӣ ва чандирии баландро дар вазифаҳои гуногуни амалӣ нишон медиҳанд. Дар мақола баррасии алгоритмҳое оварда шудааст, ки тағйирёбандаҳои тасодуфии дискретӣ ва пайвасташударо генератсия мекунанд. Таваҷҷуҳи махсус ба моделҳои додаҳои пайдарпай, аз ҷумла TimeGAN ва RTSGAN дода шудааст, ки имкон медиҳад бо қаторҳои вақт дар соҳаи тандурустӣ, пешгӯии молиявӣ ва низомҳои идораи автономӣ самаранок кор карда шавад. Дар мақола меъмории ин моделҳо, методикаи омӯзиш, навовариҳои асосӣ ва мисолҳои амалӣ барои истифодаи ин моделҳо дида баромада шудаанд. Ҳамчунин, усулҳои арзёбии сифат, эътимоднокӣ ва ҷабҳаҳои этикӣ дар истифодаи додаҳои синтетикӣ баррасӣ мешаванд. Аз рӯи таҳлили тадқиқоти охирин самтҳои рушди минбаъдаи моделҳои генеративӣ муайян гардида, ба беҳтар кардани фаҳмиши натиҷаҳо, эътимоднокӣ ва мутобиқати мушаххас ба соҳаҳои амалӣ равона шудаанд.
Калидвожаҳо
додаҳои синтетикӣ, алгоритмҳои генеративӣ, усули энтропия, шабакаҳои нейронӣ, моделҳои генеративии мусобиқавӣ, автоэнкодерҳои вариатсионӣ.
Таърихи нашр
2026-03-30