ИСЛОҲОТИ СОҲАИ МАОРИФ ҲАМЧУН ОМИЛИ БАҲАМАЛОҚАМАНДИИ УСТУВОРИ БОЗОРҲОИ МЕҲНАТ ВА ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ТАЪЛИМӢ

Муаллифон

Акрамова Заррина Башировна номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, zarrina_2309@mail.ru

Ҳасанзода Фаришта Акрамалӣ – ассистенти кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, farishta.hasanzoda@gmail.com

Чакида

Дар мақола ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии ислоҳоти соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи баланд бардоштани самаранокии ҳамкории он бо бозори меҳнат баррасӣ шудаанд. Таҳлили тамоюли сохтори хароҷоти давлатӣ ба соҳаи маориф, нишондиҳандаи рушд ва сатҳи музди миёнаи кормандони ин соҳа гузаронида шудааст. Омилҳои асосии боздорандаи рушди соҳа муайян гардидаанд. Ба мушкилоти гардиши кадрҳо ва таъсири сатҳи пасти музди меҳнат ба устувории низоми маориф диққати махсус дода шудааст. Бо такя ба таҷрибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ самтҳои такмили сиёсати маориф пешниҳод гардидаанд, ки баланд бардоштани мақоми иҷтимоию иқтисодии омӯзгорон, ворид намудани механизмҳои пешгӯии эҳтиёҷоти бозори меҳнат ва рушди низоми таҳсилоти пайвастаро дар бар мегиранд. Натиҷаҳои таҳқиқот зарурати ислоҳоти низоми маорифро ҳамчун омили муҳими рушди устувор ва боло бурдани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ тасдиқ мекунанд. Инчунин дар мақола муайян карда шудааст, ки сатҳи баланди азкорравии кадрҳо дар соҳаи маориф мушоҳида гардида, ин бо сатҳи пасти музди меҳнат ва кам будани ангезаҳои иҷтимоӣ вобаста мебошад. Барои фаъолияти самараноки бозори хизматрасониҳои таълимӣ ва ҳамкории устувори он бо бозори меҳнат на танҳо афзоиши ҳаҷми маблағгузорӣ барои рушди соҳа муҳим аст, балки ислоҳоти низоми идоракунии захираҳои инсонӣ дар соҳаи маориф бояд гузаронида шавад. Натиҷаҳои бадастомада тасдиқ мекунанд, ки ислоҳоти ҳамаҷонибаи соҳаи маориф шарти калидии баланд бардоштани сифати сармояи инсонӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ мебошад.

Калидвожаҳо

маориф, бозори меҳнат, сармояи инсонӣ, рушди устувор, музди меҳнат, гардиши кадрҳо, пешгӯии касбҳо, хароҷоти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таърихи нашр

2026-03-30