ТАЪСИРИ РАВАНДИ РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИЁТ БА АМАЛИЁТИ САВДОИ ХОРИҶӢ ВА ИНТИҚОЛИ ПУЛӢ БА ТОҶИКИСТОН
Муаллифон
Чакида
Дар мақола таъсири раванди рақамикунонӣ ба рушди муносибатҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешавад, ки таваҷҷуҳи махсус ба самтҳои тиҷорати электронӣ ва интернет-бонкинг дода мешавад. Дар шароити тағйирёбии глобалӣ ва навсозии рақамии иқтисоди ҷаҳонӣ, татбиқи фаъоли технологияҳои рақамӣ ба сифати омили муҳими рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии байналмилалӣ баромад мекунад. Дар асоси маълумоти васеи оморӣ барои солҳои 2020–2024 дар мақола таҳлили ҳамаҷонибаи ҷанбаҳои калидии трансформатсияи рақамии иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла динамикаи тиҷорати хориҷӣ, афзоиши ҳаҷми интиқоли маблағҳо, тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва тағйироти муҳити сармоягузорӣ, ки рушди мусбати ин самтҳоро нишон медиҳад, гузаронида шудааст. Аз ҷумла, афзоиши харидҳои интернетӣ тавассути маркетплейсҳои байналмилалӣ, сохтор ва ҳаҷми пардохтҳои рақамӣ, густариши ҳамёни мобилӣ ва POS-терминалҳо ва инчунин динамикаи мусбии сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дар заминаи ислоҳоти рақамӣ мавриди таҳлил қарор мегиранд. Муаммохои ҷиддӣ низ ошкор шудаанд, ки ба сатҳи пасти саводи рақамии аҳолӣ, маҳдуд будани дастрасӣ ба интернет дар минтақаҳои дурдаст ва набудани ҳамгироии кофӣ ба бозорҳои рақамии ҷаҳонӣ вобастаанд. Дар мақола самтҳои сиёсати давлатӣ ҷиҳати бартараф кардани ин мушкилот, аз ҷумла татбиқи Консепсияи иқтисоди рақамӣ ва нақшаҳои густариши дастрасии интернет дар минтақаҳо пешниҳод шуданд.
Калидвожаҳо
рушди иқтисодӣ, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, рақамикунонӣ, савдои байналмилалӣ, трансформатсияи рақамӣ, технологияҳои рақамӣ, рушди устувор, сармоягузорӣ, тиҷорати электронӣ, бонкдории интернетӣ.
Таърихи нашр
2026-03-31