ТАҲЛИЛИ НИШОНДИҲАНДАҲОИ АСОСИИ РУШДИ НЕРУИ ИНСОНИИ МИНТАҚА

Муаллифон

Турсунова Шоирахон Турсунбоевнадокторанти кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, tursunova0109@list.ru
Акрамова Заррина Башировна – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, zarrina_2309@mail.ru

Чакида

Дар мақола таҳлили ҳамаҷонибаи нишондиҳандаҳои калидии рушди неруи инсонии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2020-2024 оварда шудааст. Тамоюли демографӣ, динамикаи маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ, сохтори бозори меҳнат, вазъи соҳаи тандурустӣ, низоми таҳсилоти касбӣ ва олӣ баррасӣ гардиданд. Динамикаи маҷмуи маҳсулоти минтақавии вилояти Суғд рушди устувори иқтисодиро нишон медиҳад, ки инъикоскунандаи тавсеаи неруи истеҳсолии минтақа ва истифодаи фаъоли неруи инсонӣ ба ҳисоб меравад. Мутобиқи мантиқи тадқиқот, сипас таҳлили робитаи байни рушди иқтисодии минтақа ва сифати неруи инсонӣ гузаронида шуд. Дар умум, гуфтан мумкин аст, ки тамоюли рушди неруи инсонии минтақа ва маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ мутобиқат мекунанд. Мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла фарқияти байни тайёр кардани мутахассисон ва талаботи бозори меҳнат, тақсимоти нобаробари кадрҳо ва бекории пинҳонӣ ошкор карда шуданд. Самтҳои ояндадори рушди неруи инсонӣ муайян карда шуданд: мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ, рушди омодагии касбӣ, дастгирии соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ба инфрасохтори иҷтимоӣ, инчунин фаъолсозии иштироки давлатӣ ва байналмилалӣ дар татбиқи стратегияҳои рушди устувор. Натиҷаҳои бадастомада муҳимияти равиши маҷмуавии рушди неруи инсониро дар таъмини устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва рақобатпазирии вилояти Суғд нишон медиҳад.

Калидвожаҳо

неруи инсонӣ, рушди устувор, вилояти Суғд, нишондиҳандаҳои демографӣ, маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ, бозори меҳнат, соҳаи тандурустӣ, маориф, кадрҳои соҳибтахассус, рушди иқтисодӣ

Таърихи нашр

2026-03-31