САРМОЯИ ИНСОНӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ МИНТАҚА

Муаллифон

Набиева Ҳусниҷон Наимовнамуаллими калон, кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, шаҳри Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, nabievax@mail.ru

Чакида

Дар шароити гузариш ба низоми шашуми технологӣ аҳамияти сармояи инсонӣ ҳамчун манбаи асосии рушди инноватсионӣ ва устувор меафзояд. Мақола ба таҳлили таъсири сармояи инсонӣ ба суръат ва сифати дигаргуниҳои инноватсионии минтақа дар мисоли вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Иқтисоди муосир ба сатҳи салоҳияти касбӣ ва мутобиқшавии қувваи корӣ, бахусус дар заминаи фарсудашавии босуръати ахлоқии дониш ва технология талаботҳои нав мегузорад, асоснок шудааст. Сармоягузорӣ ба илм, маориф, тандурустӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ нишон дода шудааст, ки бевосита ба афзоиши неруи инсонӣ ва дар натиҷа, фаъолияти инноватсионӣ мусоидат мекунад. Таҳлили маълумоти оморӣ оид ба дастовардҳои илмӣ ва ҳаҷми маблағгузории корҳои илмӣ-техникӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақа гузаронида шуд. Тамоюлҳои асосӣ оид ба афзоиши ҳаҷми тадқиқоти илмӣ, афзоиши фаъолияти патентӣ ва диссертатсионӣ, васеъшавии захираҳои иттилоотӣ ошкор карда шуданд. Натиҷаи таҳлили ҳаҷми маблағгузории давлатии корҳои илмию техникӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки соҳаи илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Суғд ба таври низомӣ ва динамикӣ дастгирӣ меёбад. Хулоса бароварда шуд, ки таҳияи сиёсати ҳамаҷонибаи давлатӣ зарур аст, ки ба рушди сармояи инсонӣ тавассути дастгирии таҳқиқоти илмӣ, барномаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули иқтисоди устувори инноватсионӣ равона шудааст.

Калидвожаҳо

сармояи инсонӣ, рушди инноватсионӣ, устувории иқтисодӣ, салоҳиятҳои касбӣ, иқтисоди инноватсионӣ, фаъолияти илмӣ-техникӣ, рушди минтақавии сармоягузорӣ ба илм, сифати таълим.

Таърихи нашр

2026-03-31