ДАТАСЕТ — АСОСИ ТАҲЛИЛ ВА ОМӮЗИШИ НЕЙРОШАБАКАҲО
Муаллифон
Чакида
Дар мақолаи мазкур мафҳум ва намудҳои асосии датасет, датасетҳои ройгон, роҳҳои ҷамъоварӣ ва истифодаи он дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Мақола ба масъалаи омӯзиш ва истифодаи датасетҳо дар соҳаи таҳлил ва автоматикунонии маълумот бахшида шудааст. Дар он мафҳуми датасет ҳамчун маҷмӯи маълумоти сохтордор ва коркардшуда шарҳ дода шуда, нақши он дар ташаккули низомҳои зеҳни сунъӣ ва моделҳои омӯзиши мошинӣ баррасӣ мегардад. Дар матн намудҳои асосии датасетҳо — сабтҳои оддӣ, графҳо ва маҷмӯи маълумоти бо тартиби муайян тавсиф ёфта, усулҳои ҷамъоварӣ (дастӣ ва автоматӣ), инчунин марҳилаҳои коркарди маълумот — аз тозакунии хатогиҳо то ҷудокунии маълумот ба қисмҳои омӯзишӣ, санҷишӣ ва озмоишӣ таҳлил шудаанд. Аҳамияти ҳаҷм ва сифати маълумот барои баланд бардоштани самаранокии омӯзиши шабакаҳои нейронӣ таъкид мегардад. Дар шароити муосир афзоиши датасетҳои мултимодалӣ — омезиши маълумоти матнӣ, тасвирӣ, аудио ва рақамӣ ба як тамоюли калидии рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ табдил ёфтааст. Донистани сохтор, хосият ва усулҳои таҳияи чунин маҷмӯаҳои маълумот барои таҳлилгарон, барномасозон ва муҳандисони зеҳни сунъӣ аҳамияти амалӣ ва назариявии баланд дорад. Мақола барои муҳаққиқон, таҳлилгарон ва муҳандисон манфиатовар хоҳад шуд, зеро меъёрҳо ва усулҳои кор бо датасетҳо ва омӯзиши нейрошабакаҳо ба онҳо имкон медиҳанд, ки таҳлилҳо ва амсиласозиро самаранок анҷом диҳанд.
Калидвожаҳо
dataset, графи додаҳо, open data, амсилаи пешгӯишаванда, нейрошабакаҳо, маълумот.
Рўйхати адабиётҳои истифодашуда
1. Ашурзода Б.Х. Мушкилотҳои шинохти нутқи якҷояи гуфтугӯӣ ва ҷустуҷӯи калимаҳои калидӣ / Б.Х. Ашурзода // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои табиӣ. – Душанбе. – 2018. – № 2 (33). – С. 53-57.
2. Датасет для машинного обучения URL: https://practicum.yandex.ru/blog/dataset-dlya-mashinnogo-obucheniya-i-analiza/?ysclid=mhadrioint775746258 (санаи муроҷаит: 28.08.2025).
3. Датасет для машинного обучения и анализа данных: что это, виды, где взять датасеты. URL: https://practicum.yandex.ru/blog/dataset-dlya-mashinnogo-obucheniya-i-naliza/?ysclid=mhadrioint775746258 (санаи муроҷиат: 28.08.2025).
4. Датасет: виды, применение, набор лучших URL: https://gb.ru/blog/dataset/?ysclid=mhaiigcejg 831141712 (cанаи муроҷиат: 25.10.2025).
5. Назаров А. И. “Истифодаи датасетҳо барои омӯзиши нейросистемаҳо”. Душанбе: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – 2022. саҳ. 33–41.
6. Рахимзода С. М. “Маҷмӯаҳои додаҳо ва татбиқи онҳо дар таҳлили маълумот”. Journal of Tajik Technical University. – 2023. – №2. саҳ. 45–52.
7. Худойбердиев Х. А. Амсиласозии раванди шинохти нутқ дар заминаи нутқи забони тоҷикӣ / Х.А. Худойбердиев, Б.Х. Ашурзода // Политехнический вестник. Серия: Интеллект. Инновации. Инвестиции. – 2022. – No. 2(58). – P. 39-42. – EDN VNMJGH.
8. Худойбердиев Х. А. Лоиҳакашӣ ва татбиқи барномавии транслитератсияи худкор дар китобхонаи рақамӣ / Х. А. Худойбердиев, М. П. Музаффаров, Ф. Э. Мирзозода // Вестники ПИТТУ ба номи академик М. С. Осимӣ. – 2022. – № 1(22). – С. 7–15.
9. Ҷалолов Т. А. “Таҳлили маълумотҳо ва сохтани моделҳои пешгӯишаванда”. Proceedings of the International Conference on Information Technologies. – 2024. саҳ. 12–18.
10. Kaggle Datasets. URL: https://www.kaggle.com/datasets (санаи муроҷиат: 28.08.2025).
11. World Bank Open Data. URL: https://data.worldbank.org (санаи муроҷиат: 28.08.2025).
Таърихи нашр
2026-03-31