АРЗЁБИИ ТАЛАФОТИ НЕРУИ БАРҚ ДАР ХАТҲОИ ҲАВОИИ НИЗОМИИ ЭНЕРГОСИСТЕМАИ МИНТАҚАВӢ
Муаллифон
Чакида
Ҳадафи мақолаи мазкур гузаронидани арзёбии муқоисавии таъсири параметрҳои асосии хатҳои интиқоли барқи ҳавоии 35 кВ ба сатҳи талафоти неруи барқ ба ҳисоб меравад. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф, таҳлили ҳамаҷонибаи ҳолати низоми барқи хатҳои ҳавоии 35 кВ бо назардошти маҷмуи омилҳои амалиётӣ ва иқлимӣ гузаронида шуд. Талафоти барқнишондиҳандаи асосии эътимоднокӣ ва самаранокии техникӣ- иқтисодии фаъолияти низомҳои неруи барқ мебошад, ки зарурати муайян кардани параметрҳоеро, ки коҳиши онҳоро муайян месозанд, талаб мекунад. Ин таҳқиқот бар асоси истифодаи таҳлили коррелятсионӣ- регрессионӣ, ки ба параметрҳои реҷаи кори низоми неруи барқ дар мисоли хатти мушаххаси барқи ҳавоии 35 кВ дар вилояти Суғд татбиқ карда мешавад, анҷом дода шудааст. Равандҳои истеҳсол, интиқол ва тақсимоти барқ бо талафоти ногузир ҳамроҳ мешаванд, ки сатҳи онҳо самаранокии кори хатҳоро муайян мекунад. Дар доираи таҳқиқот, мавҷудияти мултиколлинеарӣ дар модели оморӣ аз рӯи критерияи Фишер санҷида шуд. Муҳимияти таҳқиқот тавассути муқоисаи принсипҳои назариявӣ бо маълумоти таҷрибавӣ муқаррар карда шуд. Навоварии таҳқиқот ин баҳисобгирии таъсири шароити иқлимӣ ба тағйироти ҳолати техникии ноқилҳои хатти барқи ҳавоӣ ва дар натиҷа, ба андозаи талафоти неруи барқ мебошад. Таҳлили назариявӣ ва коркарди омории маълумоте, ки омилҳои амалиётӣ ва иқлимии ба талафот дар хатҳои барқи ҳавоии 35 кВ таъсиррасонандаро тавсиф мекунанд, анҷом дода шуд.
Калидвожаҳо
талафот, хатти ҳавоӣ, арзёбӣ, параметрҳои асосӣ, кам кардани талафот, низоми неруи барқ.
Таърихи нашр
2026-03-31