РАВИШҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ИДОРАКУНИИ НЕРӮИ ИНСОНИИ КОРХОНА: НАҚШИ РЕКРУТИНГ
Муаллифон
Чакида
Дар мақола ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии татбиқи равишҳои инноватсионӣ дар идоракунии нерӯи инсонии корхона бо таваҷҷуҳ ба нақши рекрутинг ҳамчун унсури калидии низоми идоракунии кормандон мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Аҳамияти таҳлили нерӯи инсонӣ дар сохтори идоракунии стратегии корхона асоснок гардидааст, ки он имкони муайян кардани маҳдудиятҳои мавҷуда ва захираҳои баланд бардоштани самаранокии ташаккул ва истифодаи онро фароҳам меорад. Қисмати эмпирикии таҳқиқот дар заминаи корхонаи соҳаи саноати хӯрокворӣ анҷом дода шудааст. Барои арзёбии миқдории сатҳи рушди нерӯи инсонӣ индекси интегралӣ истифода гардидааст, ки нишондиҳандаҳои сатҳи даромад, дараҷаи тахассус, сохтори синнусолӣ, таҷрибаи касбӣ ва сатҳи таҳсилоти кормандонро дар бар мегирад. Натиҷаҳои бадастомада аз сатҳи миёнаи рушди нерӯи инсонӣ бо мавҷудияти баъзе номутаносибии сохторӣ шаҳодат медиҳанд. Ташхиси низоми амалкунандаи идоракунӣ бартарияти механизмҳои маъмуриро ошкор намуд, ки расмиятноккунии тартиботи интихоб ва рушди кормандонро маҳдуд месозанд. Ба таҳлили равандҳои рекрутинг ҳамчун марҳилаи калидии ташаккули нерӯи инсонӣ диққати махсус дода шудааст. Маҳдудиятҳое муайян гардиданд, ки ба истифодаи усулҳои анъанавии интихоб ва нокифоя будани стандартизатсияи мусоҳибаҳо вобаста мебошанд. Зарурати такмил додани технологияҳои рекрутинг бо мақсади баланд бардоштани асоснокии қарорҳои кадрӣ ва таҳкими устувории низоми кадрии корхона асоснок карда шудааст.
Калидвожаҳо
нерӯи инсонӣ, низоми идоракунӣ, ҷалби кормандон, интихоби кормандон, индекси интегралӣ, тахассуси кормандон, сатҳи даромад, таҷрибаи касбӣ, сохтори синнусолӣ, ҳаракати кадрҳо, гардиши кадрҳо, самаранокии интихоб, усулҳои инноватсионии идоракунӣ.
Таърихи нашр
2026-08-24