ТАМОЮЛҲОИ РУШДИ САРМОЯВИИ ВИЛОЯТИ СУҒДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муаллифон
Чакида
Дар мақола масъалаҳои рушди сармоявии иқтисодиёти минтақавӣ дар мисоли вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардидаанд. Тадқиқот ба арзёбии сатҳи рушди сармоявии минтақа тавассути таҳлили низоми нишондиҳандаҳо, ки фаъолияти сармоягузорӣ ва самаранокии равандҳои сармоягузориро тавсиф менамоянд, равона шудааст. Ҳамчун меъёрҳои асосии арзёбӣ ҳаҷми сармоягузориҳои холис, коэффисиенти навсозии фондҳои асосӣ, меъёри ҷамъшавии сармояи асосӣ, коэффисиенти самаранокии сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ, сатҳи инноватсионии иқтисодиёт ва ҳиссаи пасандозҳои умумӣ дар маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ истифода шудаанд. Таҳлили динамикаи нишондиҳандаҳои мазкур дар давраи солҳои 2020–2025 гузаронида шуда, мутобиқати онҳо ба меъёрҳои муқарраршуда арзёбӣ гардидааст. Натиҷаҳои тадқиқот нишон медиҳанд, ки дар вилояти Суғд навъи рушди пасти сармоявии иқтисод дида мешавад, ки он дар номувофиқ будани аксари нишондиҳандаҳои таҳқиқшуда ба меъёрҳои муқарраршудаи байналмилалии рушди сармоягузорӣ зоҳир мегардад. Дар ҷараёни таҳқиқ тамоюлҳои коҳиши фаъолияти сармоягузорӣ, сатҳи нокифояи навсозии иқтидори истеҳсолӣ ва сатҳи пасти рушди инноватсионии иқтисодиёти минтақа муайян карда шуданд. Барои гузариш ба навъи сармоявии рушди иқтисодии вилояти Суғд, пеш аз ҳама, зарур аст, ки сармоягузориҳо ба самти навсозии истеҳсолот, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва таҷдиди техникии иқтидорҳои истеҳсолӣ равона карда шаванд. Натиҷаҳои таҳқиқот метавонанд аз ҷониби мақомоти идоракунии давлатӣ ва минтақавӣ ҳангоми таҳия ва такмили сиёсати сармоягузорӣ, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва стратегияҳои баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории минтақаҳо истифода шаванд.
Калидвожаҳо
сармоягузорӣ, рушди сармоявӣ, рушди бе сармоягузорӣ, маблағгузории асосӣ, сармоягузории хориҷӣ, фаъолияти инноватсионӣ, самаранокии сармоягузорӣ, меъёри ҷамъшавӣ, сармояи асосӣ.
Таърихи нашр
2026-08-25